Баррасии ҳамкориҳои амниятии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо

Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳелга Мария Шмид масоили вобаста ба ҳамгироии амниятии Тоҷикистону дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, 11-уми март Эмомалӣ Раҳмон, сарвари давлат бо муовини котиби генералии Хадамоти аврупоии фаъолияти хориҷӣ Ҳелга Мария Шмидро, ки барои иштирок дар Муколамаи сатҳи баланди Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ оид ба амният ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамгироии амниятии Тоҷикистону дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва ҳам мавзӯъҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат аз ҷумла изҳор дошт: “Итиҳоди Аврупо дар минтақаи аз назари геополитикӣ муҳими Осиёи Марказӣ, ки дар сафи пеши мубориза бо хатару таҳдидҳои глобалии муосир қарор дорад, метавонад дар симои Тоҷикистон шарики муътамад ва стратегии худро бубинад”.
Ҳелга Мария Шмид дар навбати худ ба нақши Тоҷикистон дар таъмини амну субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва мусоидаташ ба эҳёи ҳаёти осоишта дар Афғонистон баҳои баланд дод.

Бо назардоштии вобастагии амну суботи минтақа бо авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, аз ҷумла таъкид гардид, ки барои нигоҳ доштан ва таҳкими эътидоли сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ бояд ба татбиқи лоиҳаҳои ба рушди ҳамаҷонибаи минтақа нигарондашуда ҷаҳду талош кард.
Ҳелга Мария Шмид омодагии Иттиҳоди Аврупоро ба мусоидати бештар ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа барои таҳкими амну субот аз тариқи дастгирии рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум таъйид кард.

Изҳори бовар карда шуд, ки доира ва самтҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо минбаъд беш аз пеш густариш меёбад.

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?