Убайдуллоев ворид кардани “либоси бегона” ба Душанберо манъ кард

Воридоти либосҳои бегона ба фарҳанги тоҷикон ба шаҳри Душанбе манъ шуда, аз нуқтаҳои фурӯш барчида мешаванд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, 20-уми апрел Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳр дар ҷаласаи шаҳрдорӣ ба Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо оид ба шаҳри Душанбе супориш додааст, ки барои “риояи расму оинҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои маънавӣ ва пешгирӣ аз таблиғоти фарҳанги бегонаи адёнӣ  дар шаҳр ҷиҳати боздошти воридшавии молу маҳсулот ва сару либосҳои мавриди таваҷҷуҳ ва барчидани онҳо аз нуқтаҳои савдо тадбирҳои воқеӣ андешанд”.

Шаҳрдори Душанбе ин тасмими худро дар иртибот ба риояи расму оинҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои маънавӣ ва пешгирӣ аз таблиғоти фарҳанги бегонаи адёнӣ  дар шаҳр арзёбӣ мекунад.

Дастури Убайдуллоев барои манъи вуруд ва барчидани либосҳои бегона нахустин дастури мақомдорони Тоҷикистон дар ин бора нест.

Баъд аз нигаронии Президент Эмомалӣ Раҳмон аз либоспӯшии бонувони тоҷик зимни суханрониаш дар арафаи таҷлили Рӯзи модар, ки гуфта буд, “танҳо сатру сиёҳпӯшӣ ва кӯркӯрона тақлид намудан ба фарҳанги бегона нишонаи боиффат будани занону духтарон нест”, барои пешгирӣ аз пӯшиши либосҳои исломӣ-сатру ҳиҷоб мақомот даст ба кор шудаанд.

Дар пайи ин нигаронии Президент мақомоти корҳои дохилӣ барои пешгирӣ аз урфу одатҳои бегона, пайравӣ ба фарҳанг ва либоспӯшии ғайримиллии занони кишвар “корҳои фаҳмондадиҳӣ”-ро шурӯъ карданд.

Қаблан, шаҳрдори Хуҷанд низ барои пешгирӣ аз фурӯш ва пӯшиши либосҳои “эронӣ”-ву “афғонӣ”, пешгирӣ аз пайвастан ба гурӯҳои тундрав ба мақомот супоришҳо дода буд.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд аз мақомоти интизомии шаҳр, шуъбаҳои кор бо ҷавонон, дин ва бонувон хоста буд то аз пӯшидани ҳиҷоб аз ҷониби бонувон  корҳои пешгирӣ ба роҳ монанд.

Ба дастури шаҳрдори Хуҷанд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи маркази вилоят муваззаф шуда буданд, ки ба соҳибкорон роҳ надиҳанд, ки дар бозорҳо либосҳои ба истилоҳ “эронӣ” ва “афғонӣ” фурӯшанд.

 Дар пайи ин бархӯрди кормандони мақомот бо мардони ришдор ва бонувони ҳиҷобпӯш оғоз шуд.

Copyright © 2015 TojNews

Назарҳо

Аблахтарин ва пастарин шахс ин корро дар европа намекунанд ээээ афсус ки инхоро ки чаноза мекарда бошад!!!!
либоси бегона гуфта танхо сатр ро дар назар доранд ё либосхои ним урёнро низ маън мекунанд
Не бародар танхо манъи либоси исломи !
Агар ҳамун ҳукуматдорон камтар номуси милли медоштан ин корҳоро намекарданд.Чунки дар тан пиджак, шим, галстук,пойафзол,соат,таҳпушӣ ҳатто қалами (ручка) ки бо он (протокол) тартиб медиҳанд моли тоҷики нест.Агар ҳамаи инхоро моли бегона гуфта напушанд онҳо урён мемонанд ҳатто мошинҳои савор мешудаашон.Тоҷикистон дар давоми бистучанд сол ҳатто гугирдчубро худаш таер карда натавонист дар зимистон дар вақти торики як "фонарик"-и тоҷики бароварда наметавонад вале воҳимаву дағдаҳо то осмон мерасад.Хайр аққалан як риштарошаки тоҷики ихтироъ кунед ки гуем ки ришамро бо ришгираки тоҷики гирифтанд.
ин аст натичаи интихоби ХХДТ харшон аз об гузаштдя....аз хама кишри чомиа,ки дар ин интихобот азоб кашиданд аз даводави инхора, мулохои бечора буданд хатто аз хамон вакилонхам бештар даводав карданд. пас нохалафонро нашояд ёрию мададгори зеро зи онхо наояд чуз ситамкори. УУУУУУУУУУУФФФФФФА
......... ГУЙО БО ИН АМАЛХОШОН ПЕШИ РОХИ ИФРОТГАРОИРО МЕГИРАНД,,,,, ИН ХАМА БАХОНАХОИ БЕМАНТИК,, ХИЧОБ МОЛИ ИСЛОМ АСТ,,,,, ДУРУСТ ШУМО АГАР ЛИБОСИ МИЛЛИ МЕГУЕД ПАС ЧАРО САДДИ РОХИ МИННИ ЮПКАВУ ЛИБОСХОИ НИМУРЁНИ АВРУПОИ НАМЕШАВЕД ОЁ ИНХО БА ФАРХАНГУ МАЪНАВИЁТИ МО ТАЪСИР НАМЕРАСОНАД???? БАРЪКС ХИЧОБ НИСБАТ БА ЛИБОСХОИ АВРУПОИ БА ЛИБОСИ МИЛЛИИ МО НАЗДИКИ ДОРАД,, ТАВБА КАРДАМ ХУДО МО ДАР КИШВАРИ ДЕМОКРАТИ ЗИНДАГИ МЕКУНЕМУ БА ОДДИТАРИН АРЗИШХОИ ПИСАНДИДАИ ШАХРВАНДОН ДАХЛ МЕКУНАНД,,,,
ХИКМАТ АЗ КАТЬУ БУРИДИ ЧОМА НЕСТ МОНЕЬИ ИЛМУ ХУНАР АММОМА НЕСТ Куввати Магриб на аз Чангу рубоб Не зи ракси духтарони бехичоб
ИНХО МАКСАДШОН ХАКИКАТ НЕСТ ФАКАТ ФАРМОНИ АМРИКОИХОВУ РУССИЯВУ ЕВРОПАРО ИЧРО МЕКУНАНД. ЗЕРО 35%-И ОЗОДИ ДАР ДАСТИ ИН ФАРХАНГДОРОВУ БОКИ ДАР ДАСТИ ОН БЕФАРХАНГО.
ин акама мегуфтем аз дигар мансабдорода марди босаводу боимону бовичдон аст, аммо афсус сад афсус,ки иштибох карда будастем
Hijob libosi begona nest hijob libosi zani islomi meboshad hijob na libosi arab ast tu na az digaron balki libosi zani musalmon meboshad Az in ru khudatonro ba la'nati Khudo giriftor nakuned
Ака агар давлатхои исломи доля натан барои либосашон айби мо чи доляра бтан либосошона мо ба мардум пушиданашро ичозат метем аврупо доляра мета мини юпка хукумрони мекунад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?