Индем

Созмони  ҷамъиятии “Информатика барои демократия ва рушди миллӣ” (СҶ “ИНДЕМ”) 12-уми августи соли 2002 аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун созмони хайрия ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон таъсис ёфта, номи Бунёди ҷумҳуриявии хайриявии “Информатика барои демократия”-ро дошт. Бунёдгузори он Саймиддин Ашӯрович Дӯстов мебошад.

Соли 2006 фонди мазкур самти фаъолияташро тағйир дод, яъне аз кӯмакҳои хайриявӣ ва гуманитарӣ даст кашида, бо номи Созмони  ҷамъиятии “Информатика барои демократия ва рушди миллӣ” дубора аз қайд гузашт.

Ҳоло самтҳои асосии фаъолияти “ИНДЕМ” инҳо мебошанд:

  • кӯмаки ҳуқуқӣ ба онҳое, ки ба ҳифзи ҳуқуқи башар ниёз доранд;
  • ташкил ва дастгирии расонаҳо;
  • баргузории тадқиқоти сотсиологӣ;
  • мусоидат ба амалӣ кардани фаъолияти машваратӣ, иттилоотӣ, интишоротӣ, тарғиботӣ (реклама).

Ҳадафи асосии СҶ “ИНДЕМ” мусоидат ба равандҳои демократикунонӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, тавассути маориф баланд бардоштани дастрасии аҳолии ҶТ ба иттилоот, кӯмаки мустақим ва ғайримустақими ҳуқуқӣ ба ниёзмандон, мусоидат ба воридшавии қишри камбизоати аҳолӣ ба муҳити иқтисодӣ мебошад.

«ИНДЕМ» ба ҳар касе, ки ҳуқуқаш дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон поймол шудааст, бевосита ё ба восита, ҳаддалимкон кӯмак мекунад.

«ИНДЕМ» таъсисёбӣ ва дастгирии ВАО-и сифатан нави миллиро беҳтарин василаи рушди демократикунонӣ дар Тоҷикистон меҳисобад.
«ИНДЕМ» ба баргузории мониторинг , рейтингҳо ва таҳқиқоте, ки ба рӯнамоии муҳити сиёсӣ, иҷтимоӣ ва трендҳои иқтисодӣ мусоидат мекунанд, таваҷҷуҳи хоса дорад.

Дар ҳоли ҳозир, ба сохтори созмони ҷамъиятӣ панҷ зерсохтор шомиланд:

  • Идораи нашрияи “Нигоҳ” (аз соли 2006);
  • Ожонси тадқиқотҳои журналистӣ (аз  cоли  2008);
  • Ожонси иттилоотии Тоҷнюс (аз соли 2009);
  • Хадамоти мониторинг ва PR (аз соли 2011);
  • Ожонси даъватҳо ( аз соли 2013).

Амалӣ сохтани Лоиҳаҳои алоҳида ва Тарҳҳои махсуси мо ҳамчунин воситаҳои дигари расидан ба ҳадафи созмон аст. 

ИНДЕМ-ташаккули маорифпарарони Тоҷикистон аст.