Қалбҳои Душанбе

Барои ҷарроҳии оддитарини қалби кӯдак як чанд ҳазор доллар талаб мешавад. Ин гуна ҷарроҳиро аллакай дар бархе аз табобатгоҳҳои пойтахти Тоҷикистон ба сомон расондаанду мерасонанд, вале бархе аз корафтодагон ба табибони Эрон, Русия ва Ҳиндустон муроҷиат мекунанд, ҳарчанд, ки ин қимматтар аст. 

«ИНДЕМ» ва гуруҳи эҳсонкорони ватанӣ хуб мефаҳманд, ки шароити молии ингуна ҷарроҳиро дар кишвар аксарияти падару модарон надоранд, аммо ҳамаи кӯдакон бояд зинда бимонанд! Ҳадафи Лоиҳаи “Қалбҳои Душанбе” дастгирии молиявии ҷарроҳии қалби ин гуна кӯдакон аст.

Агар шумо касеро аз чунинҳо медонед, ки ба кӯмак ниёз дорад, ҳатман ба мо хаттӣ ё телефонӣ муроҷиат кунед.

Мо ҳатман, ба ҳадди имкон кӯмак хоҳем кард. Ҳатто агар ба мо ҷамъоварии тамоми маблағи зарурӣ муяссар нашавад, мо дар ҳуҷҷатгузории дуруст кӯмак мекунем, шуморо бо фондҳои хайриявӣ ва падару модароне, ки тифлашон ин мушкилро паси сар кардааст, пайваст мекунем. Мо ба шумо маслиҳати ба куҷо муроҷиат кардан ва ба чӣ аҳмаият доданро дода метавонем. 

Аммо агар Шумо хоҳед, ки ба касе аз кӯдакон кӯмак кунед, мо ҳамчун волидайни онҳо, аз Шумо тамоми умр миннатдор хоҳем буд.

Ба мо нависед: tojnews@mail.ru . Занг занед: (44) 610-88-99