Китоб барои халқ

Нашри китобҳо боз як самти фаъолияти СҶ “ИНДЕМ” аст.

Мо метавонем:

- Газета, китоб ва варақаҳои иттилоотии Шуморо бо сифати баланд ба чоп омода кунем;

- Ҳама гуна матнро тарҷума ва таҳрир созем;

- Аз номи Шумо бо нашриёти Чин ё Туркиё шартнома баста, матолиби омодаро ба Душанбе ё Хуҷанд дастрас намоем.

Эътимоди Шумо ба «ИНДЕМ» ба будҷаи тарҳи шумо то 30% сарфа хоҳад овард.

Ҳамчунин, мо омодаем асарҳои муаллифони дорои истеъдоди фавқулоддаро аз ҳисоби созмон нашр кунем.

  1. Китоби «Хуни Калам» - Мунтахаби ашъори Бозор Собир – он замон шоъири мухолифи ҳукумат, бо мусоидати СҶ «Индем», соли 2010 бо теъдоди 2000 нусха нашр шуда буд.
     
  2. Аниса Собирӣ – Ва китоби ӯ "DEVANAGRAD". Ин китоб соли 2014 ба доираи васеъи хонандагон муаррифӣ шуд. Ба он шеърҳо ва осори дигари насрии шоираи ҷавон, боистеъдод ва ояндадор шомил шудаанд.