Медиа консалтинг

Медиа консалтинг аз «ИНДЕМ»  - маҷмуи хизматрасониҳои ихтисосӣ ва таҳлилӣ, ки воқеан ба Шумо имкон медиҳанд, ки бизнеси худро чун дар рӯйи каф дида, ба он баҳои дақиқу мушаххас бидиҳед, молу манфиати ширкати худро дар муҳити иттилоотии Тоҷикистон дуруст ва самарабахш пешниҳод ва тарғиб намоед.

Чӣ тавр бизнеси шуморо бояд муаррифӣ кард?

Медиа консалтинг дарвоқеъ сарманшаъи усулҳои беҳтарини таҳлил ва муайян кардании стратегияи тиҷорат, рушди соҳибкорӣ дар кулли самтҳои калидӣ аст, ки барои тарғиби дуруст ва муассир ва шиносондани ширкат имкон фароҳам меорад. Ҳадафи асосии медиа консалтинг шиносондани ширкат, балки онро ба ширкати дӯстдоштанӣ ва асосӣ дар сегменти муайян табдил додан аст.

Имкониятҳои мо 

Мутахассисони мо маҷмуи хизматрасониҳоро дар самти маркетинг пешниҳод мекунанд. Аз ҷумла; мушаххас кардани аудиторияи асосӣ, мухотабони ширкат, талаботи онҳо, тарҳрезии нақшаи махсуси дастгирии тарғиботӣ ва ғ.ҳ.

Созмони мо барои муайян кардани мушаххасоти ҷузъитарини бозор, мол, кору хизматрасонӣ ва ангезаву рафтори эҳтимолии истифодабарандагон, самарабахшии каналҳои маркетингӣ ва коммуникатсионии савдо, усулҳои гуногуни таҳқиқоти маркетингиро истифода мебаранд. Худи ҳозир бо мо пайваст шавед, то иттилои бештареро дастрас намоед.

Тел:  (44) 600-80-38

info@tojnews.org