Тадқиқоти журналистӣ

Тадқиқоти журналистӣ як навъи фаъолияти журналистӣ аст, ки асосан таҳқиқи дурударози мавзӯҳои хеле муҳим ва печидаю мушкили матлабҳои журналистиро тибқи нақшаи муайян тақозо мекунад. Дар ин навъи фаъолият, журналист касбашро ба касби детектив иваз мекунад, зеро вай бояд як қатор фактҳоеро ошкор кунад, ки шахс, гурӯҳ ва ё муассисаҳои манфиатдор онҳоро пинҳон медоранд.

Ҳадафи асосии тадқиқоти журналистӣ дар мушаххас кардани воқеияти рӯёдод, ҳодиса,  ҳолат, ё раванди мушаххас ва сабабҳои аслии он; муайян ва фош кардани печидагиҳои ҳодисоти тадқиқшаванда, ё ифшои механизми иҷроииши ҷиноят ва гунаҳогорони аслӣ мебошад. 

Дар шароити Тоҷикистон, ин навъи фаъолият, аксаран ҷасорати журналистӣ, ҳамбастагии тими тадқиқотчиён ва якмаромии муассиси ВАО-ро тақозо мекунад.

Агар Шумо дар ҳақиқат хоҳед, ки воқеият рӯшан шавад, ба ҳаққи шумо қоил шаванд, номи гунаҳгорони аслӣ ошкор шаванд, Хадамоти тадқиқоти журналистии мо дар ин кор ба Шумо дар ин кори ҳақ танҳо кумак хоҳад кард.

Бо мо дар тамос шавед, то иттилои бештар ба даст оред.

Тел:  (44) 600-80-38; (992) 98-560-86-85

info@tojnews.org, tojnews@mail.ru