10 ҳазор сомонӣ туҳфаи Кумитаи олимпӣ ба Комроншоҳи Устопириён

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик барои соҳиб шудан ба унвони чемпиони Осиё оид ба дзюдо 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дод.

21-уми апрел зимни як маросими тантанавӣ Акбар Ғуломов, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпӣ ва ҳамзамон роҳбари ширкати “Ғаюр” ин маблағро ба Комроншоҳ супорид.

Комроншоҳи Устопириён, нахустин варзишгар аз Тоҷикистон мебошад, ки соҳиби унвони чемпиони Осиё оид ба дзюдо гардид. Бо ғолиб шуданаш дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо ӯ ҳамчунин соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи тобистонаи Рио-де-Жанейрои Бразилия гардид.

Бо дарёфти 10 ҳазор сомонӣ туҳфа аз Кумитаи олимпӣ Комроншоҳро ҳамчунин мукофоти Президент интизор аст. Тибқи талаботи Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон, ки ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ дода мешавад, Комроншоҳ соҳиби 75 ҳазор сомонӣ хоҳад гашт.

Комроншоҳи Устопириён дар чемпиони Осиё оид ба дзюдо, ки дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баргузор шуда буд, дар вазни то 90 килограмм сабқат карда, ҳамаи ҳарифонашро мағлуб карда буд.  

Ин варзишгари тоҷик дар раддабандии ҷаҳонии гуштингирони дзюдо  дар мақоми 13-ум қарор дорад. 

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

Бехтарин тухфа
Офарин шери нари Тоҷик, Ташаккур бар падари бузургат устод Устопириён!

Шояд шумо суол ё назаре доред?