10 масҷиди қадимтарини олам

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

1. Масҷиди аз-Зайтуна, қадимитрин масҷид дар Тунис. Соли 709 бунёд шудааст. Ҳамзамон аз қадимитарин донишгоҳҳои исломии олам низ дар ҳамин масҷид ҷой гирифтааст. 5000 метри мураббаъ масоҳат дорад, дорои даҳ дари даромад ва 160 сутун аст.  

2. Масҷид ал-Ақсои Байтулмуқаддас. Дар оғоз ибодатгоҳи хурдакаке буд, ки соли 705 ҳазрати Умар бунёд карда. Соли 705 бо фармони халифа  Абдулмалик ибни Марвон онро васеъ карданд. Аввалин қиблаи мусалмонон, сеюмин муқаддасоти исломист. Маконест, ки Пайғамбар (с) ба Меъроҷ рафта. Бо номи Қудси шариф машҳур аст.

3. Масҷиди Имом Ҳусайн дар Карбало. Соли 680 бунёд шудааст. Дар маркази он турбати шаҳид Имом Ҳусайн ҷой гирифтааст, ки дорои гунбази тиллоист. 

4. Масҷиди Уқба дар Тунис. Соли 670 бунёд шудааст. Аз ҷумлаи муқаддасоти қадимтарин аст ва яке аз  калонтарин масҷид дар Тунис мебошад. Бо номи масҷиди бузурги Қайрун низ машҳур мебошад. Масоҳати умумии он 9 ҳазор мукааб метр аст. Онро ҳамчунин яке аз зеботарин масҷиди олам меноманд. 

5. Масҷиди ҷомеи Куфа. Соли 639 бунёд шудааст. Масҷид ба он маашҳур аст, ки дар меҳроби он ҳазрати Алӣ (к) аз ҷониби хавориҷ хоинона захмӣ карда шуд ва баъди се рӯз реҳлат кард. 

6. Масҷид-ал Ҳаром. Макка. Соли 638 бунёд шудааст. Ин калонтарин ва бузургтарин масҷиди олам дар ғунҷоиши намозгузорон ва зоирон аст. Онро масҷиди аслии мусалмонон меноманд, қиблаи аҳли ислом аст. 

7. Масҷиди Ҷавата дар Арабистони Саудӣ. Соли 629 бунёд ёфтааст. Дуввумин масҷиди ҷумъахонӣ баъди масҷиди Пайғамбар (с) аст. Макони нигаҳдории Санги сиёҳ муддати 22 сол буд.  

8. Масҷиди Қиблатайн дар Арабистони Саудӣ. Соли 623 бунёд шудааст. Дорои ду меҳроб аст. Яке рӯ ба Байтулмуқаддас дорад ва дигар ба самти Макка. Исмаш низ ба ҳамин далолат мекунад, яъне дорои ду қибла. Онро аввал аз дарахти нахл сохта буданд. 

9. Масҷиди Набавӣ (с) дар Мадина. Соли 622 бунёд шудааст. Дуюмин макони муқаддас дар олами ислом аст. Ибодат дар ин масҷид беҳтар аз ҳазор ибодат дар дигар ҷой, ғайр аз Каъба аст. Масҷид дар замони Пайғамбар (с) бунёд шудааст. Ҷойест, ки равзаи поки Муҳаммад (с) дар он ҷой гирифта. Ҳамчунин оромгоҳи ду халифаи аввал, ҳазрати Абубакри Сиддиқ ва Умари Форуқ низ дар ҳамин масҷид аст. Дар сохтани ин масҷид худи Пайғамбар (с) ширкат кардааст. Ҳамаи масҷидҳои баъдӣ тибқи ҳамин лоиҳа меҳроб сохтаанд. 

10. Масҷиди Қубо. Аввалин масҷид дар таърих аст. Санги аввалини онро худи Пайғамбар (с) гузоштааст.   Он 4-5 километр дар ҷануби Мадина ҷой гирифтааст. Пайғамбар (с) вақти ҳиҷрат то расидан ба Мадина ёронашро муддати 15-20 рӯз дар ҳамин масҷид интизор шудааст. Ин масҷидест, ки аз он дар Қуръон ёд шудааст. Ин аст, ки Пайғамбар (с) ва саҳобагон хеле зиёд ба ин масҷид меомаданд ва намоз мегузоштанд.

Манбаъhttp://islam-today.ru/

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?