11 медали варзишгарони тоҷик дар нахустин рӯзи мусобиқаи Қаҳрамонии Осиё

Дар нахустин рӯзи мусобиқаи Қаҳрамонии самбои Осиё дар шаҳри Атирауи Қазоқистон варзишгарони тоҷик соҳиби 11 медал гардиданд, ки аз он 7 ададаш тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ мебошад.

Бино ба иттилои Федератсияи самбои Тоҷикистон,  Акмалиддин Каримов дар вазни 52 кг, Нозимҷон Охиров 62 кг, Мустафо Ҳасанов 68 кг, Деваштич Ҳабибов 74 кг, Ҷумъахон Назриев 90 кг, Шамшод Абдуллоев 100 кг ва Набимуҳаммад Хоркашев дар вазни зиёда аз 100 кг соҳиби медалҳои тилло ва унвони қаҳрамони Осиё гардиданд.

Дар сабқати мазкур ду варзишгари дигари тоҷик Ардашер Исмоилов дар вазни 52 кг барандаи медали нуқра  ва Муҳаммадҷон Зоидов дар вазни 82 кг соҳиби мақоми сеюм гаштанд.

Ҳамчунин дар рақобат миёни занон дар мусобиқаи Қаҳрамонии самбои Осиё ду варзишгарзани тоҷик Азиза Азизова дар вазни 72 кг ва Дилбар Султонова дар вазни 80 кг соҳиби ҷойи дуввум ва барандаи медали нуқра гардиданд.

Мусобиқаи қаҳрамонии самбои Осиё дар шаҳри Атирауи Қазоқистон 11-уми декабр оғоз шуда, то рӯзи 13-уми ин моҳ давом мекунад. Дар он аз 13 кишвари Осиё қариб 300 варзишгар иштирок мекунанд.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?