“12 соати Озодии баён барои Тоҷикистон”

“12 соати Озодии баён барои Тоҷикистон”

Хонандаи гиромӣ!
Бо дуруд ва меҳр хидмати шумо арз кунем, ки пойгоҳи Тоҷнюс тасмим гирифт баъд аз таътили иҷбории 18 –моҳа дубора дар хидмати мардум бошад.
Маҳз дар ҳамин рӯз, санаи 3 юми май-Рӯзи ҷаҳонии Озодии матбуот. Бо роҳандозии як тарҳ, ки шояд дар таърихи журнализми Тоҷикистон назир надорад, мо мехоҳем:

  1. Ба Озодии баён, ки Сарқонуни Тоҷикистон кафолат додааст, вале дар кишвар ҳудуди ду сол боз таъмин нест, арҷ гузорем;
  2. Эҳтироми хонандаи ҳушманд, ҳамкасбони содиқ ба арзишҳои рӯзноманигорӣ ва руҳи шаҳидони ин роҳи пур аз нишебу фарозиҳоро ба ҷо биёрем;
  3. Ба истифодабарандаҳои гиромии пойгоҳи Тоҷнюс, хонандагону мухлисони нашрияи “Нигоҳ”, ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва  ҷаҳониён  ҳақиқати барҳам задани расонаҳои созмони “ИНДЕМ” рушан кунем;
  4. Таваҷҷуҳи фаъолони сиёсиву ҷамъиятии кишвар, ҳизбу гуруҳҳои сиёсӣ  ва ҳукумати феълии кишварро ба вазъи таассуфовари  қонунмандӣ дар кишвар  ҷалб созем.

 Дар тули ин 12 соат мо вазъи #Озодии баён дар кишвар ва ҷанбаҳои гуногуни онро аз нигоҳу худу коршиносони ватаниву хориҷӣ бо ҳам  #Баррасии озод хоҳем кард.
 Ба тамоми онҳое, ки бо сабаби ҷорӣ будани #сонсур ё #худсонсур дар муҳити расонаии Тоҷикистон имкони расонидани мавқеъ ё назарҳояшонро надоштанд, #Минбари озод фароҳам меорем.

 Ҳар ду соат ҷузъиёти #Ҳақиқати барҳамзании “Нигоҳ”-ро бо пешниҳоди аснод бо  #Шарҳу тавзеҳи Дустов қисса мекунем.
 Дар куҷо ва ба чӣ корҳо машғул будани аҳли эҷоди Тоҷнюс ва “Нигоҳ” - #нигоҳнавардонро аз забони худи онҳо мешунавему мехонем.
 Аз саҳфаву гӯшаҳои #вижаи “Нигоҳ”, назири “Мангар ки кӣ мегӯяд...”, “Тахтаи сиёҳ”, “Ман қабул надорам!”, “Суоли боб”, “Мирзодиккак ва Ғалтак” ва ғ.ҳ. ёд мекунем, дар назарпурсии гӯшаи “Суоли рӯз” ширкат мекунем ва соати 20.00  коршиноси даъватшуда, доктори илмҳои фалсафа, ҷомеашинос ва фаъоли ҷамъиятӣ Ҳафиз Бобоёров иқдомро ҷамъбаст мекунад.

 Иртибот бо мо тавассути паёмрасонҳои Ватсапп, Телегромм ва Сигнал бо шумораи зерин: + 49 177 847 68 24 имконпазир аст.
 Ҳамчунин роёномаҳои (емайл) худро метавонед ба ин суроға равон намоед:  seddoost@gmail.com  

 Бо умеди хонаободӣ ва озодии так таки Шумо азизон,
ношири "Нигоҳ"  ва TojNews Саймуддин Дӯстов

Акс аз pikabu.ru 

Назарҳо

Офарин бачаҳои "Нигоҳ"! Шумо ончо фаъол шавед инҷо кори мо осонтар мешавад. Дустов гап надорам.
Дӯстам Дустов кори нағз кардед. Як нома равон кардам. Вақт ёфта онро хонед. Боқӣ дар паноҳи Худо!
Кандота бза

Шояд шумо суол ё назаре доред?