12 соли зиндон барои як ҳафтаи разм дар сафи “ДИИШ”

Як сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки ҳудуди як ҳафта дар сафи ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” ҳузур доштааст ба 12 соли зиндон маҳкум гардид.

Сайфиддин Муҳиддинзода, муовини раиси додгоҳи Хатлон мегӯяд, Усмонов дар додгоҳ гуфтааст, ки "баъди дидани манзараи қатл аз сӯи ҷангиёни ДИ Сурияро тарк кардааст". Қарор аст, ӯ муҳлати ҷазояшро дар зиндони низомаш сахти Қурғонтеппа адо кунад.

Тавре маълум шудааст, ин сокини Ҷалолиддини Балхӣ моҳи июли соли равон баъди фирор аз Сурия тариқи Туркия худро ба Москва расонда, баъди парвоз ба ватан дар фурудгоҳи Душанбе дастгир гардидааст.

Ҳангоми бозпурсӣ Усмонов иқрор шудааст, ки ҳудуди як ҳафта дар сафи ҷангҷӯёни ДИ ҳузур дошт. Ба қавли Муҳиддинзода, Усмонов соли 2014 барои таҳсил дар мадрасаи "Билоли Ҳабашӣ" дар Туркия рафта, баъдан ба Сурия гузаштааст.

Ӯ гуфт, барои рафтани ин сокини Ҷалолиддини Балхӣ ба Сурия як сокини ноҳияи Панҷ бо лақаби "Муслим" саҳм дорад, вале барои мақомот ному насаби расмияш маълум нест.

Дар ҳамин ҳол, вакили дифоъ Аҳлиддин Гулов гуфт, нафари таҳти ҳимояташ ҳукмро пазируфтааст ва қасди бурдани шикоят ба зинаҳои болоиро надоранд.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?