12-уми сентябр санаи иди Қурбон дар Тоҷикистон

Эҳтимоли имсол мусалмонони кишвар имсол  иди Қурбонро рӯзи 12-уми сентябр ҷашн хоҳанд гирифт.

Бино ба иттилои Шӯрои уламои Тоҷикистон, санаи мазкур дар асоси ҳисоб ва мушоҳидаи пешакии олимон таъин гардидааст.

Дар назар аст, ки 5-уми сентябр Шӯрои уламо ҷаласаи худ рӯзи дақиқи иди Қурбонро эълон кунад.  

Дар Тоҷикистон иди Қурбон ва Рамазон бар асоси маълумоти Инситутси астрофизикӣ муқаррар карда мешавад. Ин дар ҳолест, ки дар давлатҳои дигари исломӣ танҳо бо дидани моҳ бо чашми инсон ид муқаррар карда мешавад.

Соли гузашта дар кишвар иди Қурбон 24-уми сентябр таҷлил шуда буд.

Иди Қурбон яке аз боризтарин маросими ҷашнии мусалмонон ба ҳисоб рафта, он баргирифта аз суннати қурбонии паёмбар Иброҳим(а) аст.

Дар Тоҷикистон аз соли 1991 ба ин сӯ санаи баргузории иди Қурбон расман рухсатӣ эълом шуда, мусалмонони кишвар ин рӯзро расман қайд мекунанд.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?