120 доллар - пасттарин маоши миёнаро дар ИДМ тоҷикон мегиранд (ИНФОГРАФИКА)

Тоҷикистон чун як кишвари фақиртарини пасошӯравӣ зарфи ин 25 соли истиқлолият ҳеч замоне маоши кормандонаш ба ҳадди 200 доллари амрикоӣ нарасидааст, вале аввали соли 2015 маоши ҳаддиақал дар ин кишвар аз ҳаддиақали маош дар Украина боло рафтааст.

Имрӯз дар Тоҷикистон маоши миёнаи кормандон миёни 120-130 доллари амрикоист ва моҳи июл он 127 доллар буд. Баландтарин маоши миёна метавонад охири соли 2016 (150 доллар) бошад. Дар ин бора “Деловая газета” дар як матлаби таҳлилии худ ибрози назар кардааст.

Дар миёни ҳамаи кишварҳои ИДМ Русия аз нигоҳи ҳаддиақали маош (500 доллари амрикоӣ) пешсаф аст. Моҳи июни соли равон маоши миёна дар Русия аз 600 доллар ҳам боло рафтааст. Арманистон дар ҷойи дуюм (411 доллар), Қазоқистон (143,65 ҳазор танга, баробар ба 408 доллар) дар ҷойи сеюм ва Белорус (374 доллар) дар ҷойи чорум қарор доранд.

Аммо аз миёни ҳамаи мамолики пасошӯравӣ кишварҳои назди Балтик дорои маоши баланд мебошанд. Бар асари беқурбшавии рубл дар нимсолаи дуюми соли 2014 ва нимсолаи аввали соли 2015 ва танга дар нимсолаи дуюми соли 2015 то ҷойе дар Русия ва Қазоқистон ҳаддиақали маош поин рафт.

Вале ин ду кишвар боз ҳам дар қиёс ба дигар мамолики пасошӯравӣ пешсафтарин дар пардохти маош ба кормандон мебошанд. Озарбойҷон низ аз поин рафтани арзиши нафт зарар дид, чун даромади аслии ин кишвар аз ҳисоби фурӯши нефту газ аст.

Дар гузашта бар асари болоравии арзиши нафту газ дар бозорҳои ҷаҳонӣ даромади ин кишвар пайваста меафзуд. Молдова низ тавонист зарфи ду соли охир аз беқурбшавии пули миллии худ ҷилавгирӣ кунад ва дар ин кишвар болоравии муттасили ҳаддиақали маош ба назар мерасад.

Аз миёни кишвраҳои Осиёи Марказӣ маоши ҳаддиақал дар Қирғизистон беш аз 200 доллари амрикоист.

Дар ин кишвар низ қурби пули миллӣ ба доллар поин рафт. Гурҷистон, ки аз ИДМ хориҷ шудааст, маоши ҳаддиақал дар семоҳаи аввали соли 2016 913 лари, наздик ба 380 доллар буд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?