16-уми ноябр – Рӯзи Президенти Тоҷикистон эълон мешавад

Ҳукумати Тоҷикистон барои эълони 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президент тарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид”-ро ба парламент пешниҳод кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, имрӯз, 11-уми авпрел дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз ҷониби Ҳукумат таҳия ва пешниҳод шудааст. Қаблан, расонаҳо хабар дода буданд, ки идеяи эълони Рӯзи Перзидент дар Тоҷикистон аз сӯи вакилон пешниҳод шудааст.

Хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон мегӯяд, “лоиҳаи Қонуни мазкур бо дарназардошти саҳми арзандаи Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардидааст”.

Ҳамин тавр “тибқи лоиҳаи мазкур пешниҳод мегардад, ки ба моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” илова ворид карда, рӯзи 16 ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон ва ҳамасола таҷлил карда шавад”.

Зимнан, Президент Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи ноябри соли 1992 раҳбари кишвар мебошад. Ибтидо дар вазифаи раиси Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб шуд, баъдан дар соли 1994 Президенти Тоҷикистон интихоб ва то кунун раиси ҷумҳури кишвар мебошад.

Интиҳои соли гузашта парламенти Тоҷикистон Қонун "Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат"-ро қабул кард, ки Эмомалӣ Раҳмон расман мақоми Пешвои миллатро соҳиб шуд.

Моҳи майи соли равон дар кишвар барои ворид кардани тағйирот ба Сарқонун ҳамапурсӣ баргузор мешавад. Бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асоси кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳуқуқ пайдо мекунад, ки ҳамчун Пешвои миллат ба таври ҳамеша дар сари қудрат боқӣ бимонад.

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

Ҳама амал аз Қазоқистон ва президенти он кишвар Назарбоев кур курона тақлид карда мешавад.
Асосан ҳеч манӣ надорад, ки дар як сол ду қонун вазъ карда шавад! Вале инҷо қонуни ҷангал аст на қонуни башарӣ!!! Камӣарак мафкураро бар кор мебурдан ин қонун тарошон яктоаша бараои соли баъдӣ мемонданд инхел пастандешӣ намешуд. Интавр сатҳи ҷомеаи худро бар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардан хеле содалавҳона аст!

Шояд шумо суол ё назаре доред?