20 минаруб аз асорати гуруҳҳои мусаллаҳ дар Лугар озод шуданд

Ҳудудан 20 минруб дар вилояти Лугари Афғонистон аз асорати рабояндагон озод шудаанд.

Бино ба иттилои мақомоти расмии вилоят ин афрод рӯзи чоршанбе аз ҷониби шахсони мусаллаҳи номаълум рабуда шуда буданд.

Мақомот гуфтаанд, ки минрубҳо барои як ташкилоти ғайридавлатӣ кор мекарданд.

Афроди мусаллаҳ онҳоро дар гардиши Гардез рабуданд ва ба самти номаълум бурданд.

Ин одамон бо миёнаравии сарварони маҳаллаҳо аз асорат озод шудаанд. Мақомот мегӯянд одамрабоён ба минрубҳо ҳеч осебе нарасондаанд.

То ин замон ягон гуруҳ масъулияти ин одамрабоиро ба уҳда нагирифтааст.

Тибқи омори маркази ҳамоҳангии умури минрубҳои СММ соли 2015 дар Афғонистон 8 минруб дар 35 ҳодиса кушта ва 34 нафари дигари онҳо захмӣ шудаанд.  

Шояд шумо суол ё назаре доред?