2017 “Соли рушди туризми устувор” эълон мешавад

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон нақша дорад, соли 2017-ро “Соли рушди туризми устувор” эълон намояд.

Ба гуфтаи Ризо Назарзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ин тасмим ба хотири рушди туризм дар кишвар гирифта шудааст.

Кумитаи ҷавонон дар ҳоле қасд дорад соли 2017-ро “Соли рушди туризм”эълон кунад, ки ду соли ахир теъдоди сайёҳон дар кишвар ба иттилои расмӣ хеле зиёд шудааст.

Дар шаш моҳи аввали соли гузашта аз 147 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон дидан карда буд. Ин рақам дар 6 моҳи аввали соли равон ба 210 ҳазор нафар зиёд шуд. Аз ҳисоби сайёҳон дар нимсолаи аввали соли равон ба иқтисоди кишвар 82 млн. доллар маблағ ворид шудааст.

Бо ин ҳама коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон имкониятҳои зиёди ҷалби сайёҳони хориҷиро дорад, ки то ҳол аз он онҳо истифода накардааст.

Шояд шумо суол ё назаре доред?