22 номзади ҲСДТ ва "финт"-и Зойиров

Анҷумани ҲСДТ аз рӯйхати ҳизбӣ барои ширкат дар интихоботи парлумонии соли 2015 аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ 22 номзад пешниҳод кард.

Анҷумани ҳизб, ки дар қароргоҳи ҲСДТ 27-уми декабр баргузор шуд, ки рӯйхати ҳизбӣ аз рӯи алфавит пешниҳод шуд. Ҳамин тавр исми Амният Абдулназаров дар сархати рӯйхат қарор дорад.

Дар рӯйхати ҳизбии ҲСДТ исми адвокатҳои маъруфи тоҷик - Бузургмеҳр Ёров, Файзинисо Воҳидова, Толиби Сангин, Шуҳрат Қудратов пешниҳод шудааст.

Инчунин, ин ҳизб аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ номзад ба вакилӣ аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод кард. Аз ҷумла аз Улфатхонум Маҳмадшоева, аз Хоруғ, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддон ва Мирҳусейн Назриев, раиси пешини ҲСТ-ро пешниҳод кард.

Дар рӯйхати ҳизбӣ исми Раҳматилло Зойиров, дар ҷойи шашум ва Шуҳрат Қудратов, муовини раиси ҳизб, феълан дар ҳабси пешакист ва баррасии судияш идома дорад, дар ҷойи ҳафтум қарор дорад.

Исми Алим Шерзамонов, раиси ҲСДТ дар вилояти Бадахшон аз охирон дуюм қарор дорад.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раҳбари ҲСДТ, ки қаблан аз таҳдид ба ҷонаш изҳорот дода буд, аз рӯйхати ҳизбии номзадҳо ба вакилӣ номашро хат зад. Сабаби бозпас гирифтани номзадияшро Ҳакимов ба журналистон шарҳ дода гуфт, бо сабаби надоштани маблағ исмашро аз рӯйхати ҳизбӣ пешниҳод намекунад. Аммо дар ҳавзаи якмандата дар ноҳияи Конибодом пешниҳод хоҳад кард. Ҳамчунин Дилбар Самадова аз рӯйхати номзадҳои ҲСДТ бо баҳонаи кори илмӣ доштан, номзадияшро бозпас гирифт. Ғулом Зариф, ҳуқуқшинос бо изҳори сипос аз Анҷуман гуфт, ки дигар нафақахӯр мебошаду тавони ширкат дар интихоботро надорад.

Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ дар шарҳи тартиби рӯйхати ҳизбӣ аз рӯи алфавит гуфт, мо ҳар як номзад аз рӯйхати ҳизбиро дар ҳавзаҳои якмандата муттасадии ҲСДТ таъин мекунем, дар кадом ҳавзае, ки аз рӯи коифисент ҳизб овози бештар гирифт, ҳамон номзади муттасадии ҳавза номаш дар рӯйхати ҳизбӣ дар ҷои аввал гузошта мешавад. 

Пешвои сотсиал-демократҳо дар посух ба ин суол, ки вақте рӯйхат ба КМИР пешниҳод шуд, то куҷо имкони тағйир додани он ҳаст, мегӯяд, нафароне, ки исмашон дар сафи пеш қарор дорад, барои номзади фаъол даст хоҳанд кашид.

Раҳматилло Зойиров дар як суханронии кӯтоҳ дар назди вакилони ҳизбаш гуфт, ки ягон ташкилот ва ё идорае ҳозир нашуд, ки ба ҳизб толорашро ба иҷора диҳад. Ин аст, ки Анҷуман дар қароргоҳи ҳизб дар як ҳуҷраи танг баргузор мешавад.

Аксар ширкаткунандагони Анҷумани ҳизб, ки беш аз 50 вакил буданд, дар ҳуҷраи қароргоҳи ҳизб рост меистоданд. 

Зойиров аз ҳукумат интиқод кард, ки ба аҳзоби сиёсии Тоҷикистон назари ягона надорад, ҳамеша ҲСДТ-ро зери фишор қарор медиҳад. Аз он гуфт, ки  Президент Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми раҳбарони аҳзоби сиёсӣ мулоқот кардааст, аммо ҳатто намояндаи моро Комиссияи маркази интихоботӣ ва раъйпурсӣ қабул накардаанд.

 Copyright © 2014 TojNews

 

Назарҳо

Фехристи хизбии ХСДТ аз шахсони адолатхох ва хирфаи ташкил шудааст ва аз фихристи ахзоби дигар, аз чумла хизби хукмрон афзалият ва бартари дорад. Худо ба он руз расонад, хатман ба Х,СДТ рой хохам дод!
Агар хукумат гироми на мекарду накунад, аз ин хизб манфиати зийод ба давлат мерасад. Аъзойони ин хизб шахсиятхои донишманду равшагфикр мебошанд ва арзандаи парлумону дигар сохторхои давлат, аммо афсус ки хукумат росту хакикатро кабул намекунад ва намепазирад. Замон замони дуругую мутаххамхо шудааст.

Шояд шумо суол ё назаре доред?