28 медали варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти Қаҳрамони самбои Осиё

Дар мусобиқаи Қаҳрамонии самбои Осиё дар шаҳри Атирауи Қазоқистон варзишгарони тоҷик соҳиби 28 медал гардиданд, ки аз он 13 ададаш тилло, 9 нуқра ва 6 биринҷӣ мебошад.

Бино ба иттилои Федератсияи самбои Тоҷикистон,  дар охирин рӯзи мусобиқа самбочиёни навраси тоҷик Масъуд Куқаншоев дар вазни 48 кг ва Саиднабӣ Камолов 65 кг соҳиби мақоми аввал, Сайриддин Шоев дар вазни 60 кг ва Шарифҷон Назриев (87 кг) барандаи ҷойи дуввум шуданд. Инчунин Зафарҷон Алиев (56 кг), Алӣ Шарифов (70 кг) ва Эмомҷон Камолов дар вазни 81 кг ба дарёфти ҷойи севум даст ёфтанд.

Қаблан, дар рӯзи дуввуми сабқати Қаҳрамонии самбои Осиё самбочиёни тоҷик дар вазнҳои 62, 82 ва +100,  чор нафар соҳиби медали тилло, се нафар барандаи медали нуқра ва ду паҳлавони дигар ба дарёфти медали биринҷӣ дастёб шуданд.

Мусобиқаи қаҳрамонии самбои Осиё дар шаҳри Атирауи Қазоқистон 11-уми декабр оғоз шуда, то рӯзи 13-уми декабр давом кард. Дар он аз 13 кишвари Осиё қариб 300 варзишгар иштирок намуданд.

Дар нахустин рӯзи мусобиқаи мазкур варзишгарони тоҷик соҳиби 11 медал гардида буданд, ки аз он 7 ададаш тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ буд.
 Азҷумла Акмалиддин Каримов дар вазни 52 кг, Нозимҷон Охиров 62 кг, Мустафо Ҳасанов 68 кг, Деваштич Ҳабибов 74 кг, Ҷумъахон Назриев 90 кг, Шамшод Абдуллоев 100 кг ва Набимуҳаммад Хоркашев дар вазни зиёда аз 100 кг соҳиби медалҳои тилло ва унвони қаҳрамони Осиё гардида буданд.

Дар сабқати мазкур ду варзишгари дигари тоҷик Ардашер Исмоилов дар вазни 52 кг барандаи медали нуқра  ва Муҳаммадҷон Зоидов дар вазни 82 кг соҳиби мақоми сеюм гаштанд.

Ҳамчунин дар рақобат миёни занон дар мусобиқаи Қаҳрамонии самбои Осиё ду варзишгарзани тоҷик Азиза Азизова дар вазни 72 кг ва Дилбар Султонова дар вазни 80 кг соҳиби ҷойи дуввум ва барандаи медали нуқра гардиданд.

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

Офарин бар шумо эй пахлавонони точик ,хамеша худовандам шуморо шоистаи чои авал ва пур фахриро дур нагардонад омин аллоху акбар

Шояд шумо суол ё назаре доред?