300 ҳазор сомонӣ туҳфаи Президент ба Дилшод Назаров (20 АКС+ 2 ВИДЕО)

Шоми имрӯз 26-уми август Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Дилшод Назаров, қаҳрамони бозиҳои Олимпии Рио-2016 ордени Шараф дараҷаи 1 ва 300 ҳазор сомонӣ мукофот супорид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, Эмомалӣ Раҳмон бори дигар Дилшод Назаровро барои дастоварди олии варзишӣ самимона табрик гуфта барои хизматҳои бузургаш дар муарифии бештари давлату миллати тоҷик ва баланд бардоштани шарафи варзишии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ изҳори сипосу минатдорӣ намуданд.

Президент таъкид намуд, ки ба медали тиллоии мусобиқоти ҷаҳонӣ ноил шудани Дилшод Назаров дар таърихи соҳибистиқлолии мамлакат руйдоди фараҳбахшу беназир буда Тоҷикистонро машҳури ҷаҳон гардонид ва Парчами миллии давлати тозаистиқлоро партавафшону мардуми шарафманди ин сарзаминро боз ҳам ифтихорманду сарбаланд кард.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Назаров барои саҳми намоён дар рушди варзиш ва дастоварди бузурги варзишӣ дар Бозиҳои ХХХI – тобистонаи олимпии Рио-де- Жанейро -2016 бо мукофоти давлатӣ - ордени Шараф дараҷаи I сарфароз гардонида шуд. Ин мукофоти давлатиро дар вазъияти тантанавӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Дилшод Назаров тақдим намуд.

Ҳамчунин дар ин рӯз Эмомалӣ Раҳмон ба Дилшод Назаров 300 ҳазор  сомонӣ тақдим намуданд, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми августи соли 2016 аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст.

Дилшод Назаров, шоми 26-уми август соати 18:00 вориди Душанбе шуд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ӯро Рустами Эмомалӣ, Аҳтам Абдуллозода, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Маҳмадсаид Пирзода ва дигар шахсон пешвоз гирифтанд. Ба пешвози Дилшод ба Фурудгоҳ ҳазорон нафар баромада буданд.

 

 

Дилшод Назаров дар мусобиқоти ниҳоӣ шаби 19-уми август соати 21:05 ба вақти маҳаллӣ (соати 5:05-и 20 август ба вақти Душанбе) дар Варзишгоҳи олимпии шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дод ва аз ҳама рақибонаш пеш гузашт.

Гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров 6 майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.

Ӯ барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2015 дар Пекин, ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006, 2010 ва 2014, қаҳрамони секаратаи Осиё (солҳои 2009, 2013, 2015), қаҳрамони дукаратаи Осиё байни наврасон (солҳои 1999 ва 2001) мебошад.

Дилшод Назаров аз моҳи январи соли 2014-ум муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, инчунин раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон аст.

Оиладор ва соҳиби ду фарзанд мебошад. 

 

 

 

 

Назарҳо

офарин ба Дилшод ва Рустамчони Эмомали ки дабдабанок пешвоз гирифт чемпиона,ОФАРИН.. !!
Мо бо ин фарзанди шучои точик фахр мекунем Офарин

Шояд шумо суол ё назаре доред?