500 ҳазор фоидаи муфти як ҷавони 18-сола дар Суғд

Дар шаҳри Истаравшан як ҷавони 18-сола-ро бо он муттаҳам мекунанд, ки ба соҳибкории ғайриқонунӣ машғул шуда, қариб 500 ҳазор сомонӣ фоидаи муфт ба даст овардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, ин ҷавон тӯли 2 соли ахир ба соҳибкории ғайриқонунӣ машғул шуда, 41 ҳазор сомонӣ андози давлатро насупоридааст.

“Номбурда, аз моҳи январи соли 2015 то ин ҷониб бидуни бақайдгирии мақомоти андоз ва иҷозатномаи махсус ба истеҳсол ва фурӯши тирезаҳои пластикӣ машғул шуда, дар давраи фаъолияти соҳибкориаш ғайриқонунӣ 493420-сомонӣ фоидаи муфт ба даст оварда, дар як вақт ба буҷаи давлат ба миқдори 41213-сомонӣ андозҳоро пардохт накардааст,-мегӯяд манбаъ.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.  

 

Назарҳо

Аввалан чи хел 493420сомони фоидаи муфт, дар холе ки андози насупурдаи у 41213сомониро ташкил медихад?! Баъдан кандаша занад, ки дар ин синну сол хисоби худро дар хонаи худ (ВАТАНИ ХУД) ёфтааст, на ин ки ба монанди ману дигар чавонхо сарсону саргардон дар мухочири. Имконият бояд дод ба чунин чавонон. Огохи мекарданд пеш аз он ки парванда кушоянд.
Салом нисбати ин чавон чи чорагузори карда мешавад?. Окибати кораш ба ягон каз зарар расанда бошад магар ? Чиба уро ба чавобгари кашидан чи гунох карда бошад ? магар чандин бекоронро бо кор тамин када ягон гунох карда бошад ???
Пулоша гифтан даркор де. Шумо фикр карид ки парвандая ба фоидаи давлат карос? Нееееее. Киса! Кисачон! 1 сум давлатба, 10 сум худамба. Ки кия фиреб кунад. Хамту шуда монд. Хайфи давлат.

Шояд шумо суол ё назаре доред?