6-уми июн расман дар Тоҷикистон рӯзи аввали моҳи Рамазон эълон шуд

Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи аввали моҳи Рамазонро 6-уми июн эълон кард.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои уламои кишвар рӯзи 28-уми май таҳти раёсати Раиси Маркази исломии Тоҷикистон Сайидмукаррам Абдуқодирзода дар шари Хуҷанд баргузор шудааст ва бар пояи ҳисобҳои илмӣ эълон кардаанд, ки рӯзи шашуми июн рӯзи аввал моҳи шарифи Рамазон аст.

Шӯрои уламо ҳамчунин нисоби закотро 17 ҳазору 400 сомонӣ муқаррар кардааст.

Аз ин миқдор 435 сомонӣ бояд закот дода шавад. Шӯрои уламо ҳамчунин садақаи фитрро ҳам муайян кардааст. Мувофиқи меъёри шаръӣ садақаи фитр 5 сомонӣ ва фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ба миқдори 600 сомонӣ барои 30 рӯз муайян карда шавад.

Шӯрои уламо ҳамчунин қарор кардааст, ки хатми Қуръон дар масҷидҳои ҷумҳурӣ мувофиқи имконияти мавҷуда дар ҳудуди 1 пора дар намозҳои таровеҳ гузаронида шавад.

Тақвими тартибдодаи Маркази исломӣ тасдиқ карда шуда, барои рафъи нофаҳмиҳо нусхаи он ба тамоми масоҷиди кишвар, сомонаҳои расмии интернетӣ ва ширкатҳои мобилии ватанӣ ирсол дошта шавад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?