60 муҳоҷир аз Тоҷикистону Ӯзбакистон дар Маскав заҳролуд шудаанд

Ҳудуди 60 муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистону Ӯзбакистон дар Маскав пас аз хуроки нисфирӯзӣ заҳролуд шуда, дар бемористон бистарӣ гардидаанд.

Бино ба навиштаи хабаргузории “Интерфак” ҳодиса 13-уми апрел, соати 22:45 ба вақти маҳаллӣ рух додааст. Ҳамагӣ 58 тан дар сохтмони бинои манзили истиқоматӣ воқеъ дар шоҳроҳи Рублевск кор мекардаанд.

“РИА Новости” хабар додааст, ки вазъи бархе аз заҳролудшудагон то ҳаде бад буд, ки кормандони ёрии таъҷилӣ ба онҳо дар роҳ доруро қатрачаконӣ мекарданд.

Бино ба маълумоти LifeNews, ин кормандон пас аз истеъмоли пюреи картошкагӣ ва мурғ аз бад шудани вазъи саломатиашон шикоят кардаанд.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?