70 миллион доллар сармоягузорӣ барои таҷдиди роҳ аз Душанбе то Ӯзбакистон

Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (БОСИ) ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) эълон карданд, ки тибқи як муоҳадаи муштарак бо сохторҳои зирабти Тоҷикистон бозсозии роҳи мошингард аз пойтахти кишвар то марзи Узбакистонро ба уҳда мегиранд.

Бино ба иттилое, ки бо интишори як варақаи матбуотӣ БАТР расонаӣ кардааст, президентони ин ду бонки маъруф Сзин Литсюн ва Сума Чакрабортӣ ёддошти тафоҳум миёни ду бонкро имзо кардаанд.

Гуфта мешавад, ки аввалин тарҳи ҳамкории муштараки онҳо ҳамин бозсозии роҳ аз Душанбе то марзи Узбакистон хоҳад буд, ки метавонад бахше аз роҳи ободи Шарқ-Ғарб дар Осиёи Марказӣ гардад. Арзиши тарҳи мазкур 70 миллион доллар арзёбӣ шудааст. Шӯрои директорони БАТР аллакай сармоягузории ин тарҳ ба маблағи 35 миллион долларро тасдиқ кардааст.

Моҳе қабл Вазорати молияи Тоҷикистон гуфта буд, ки бо БАТР барои ҷалби сармояҳои иловагӣ ҷиҳати комилтар анҷом додани тарҳи мавриди назар вориди музокарот шудааст. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд лоиҳа таҷдиди роҳ аз назди пайкараи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаҳои ғарбии пойтахтро низ дар бар мегирад.

Маврид ба ёдоварист, ки БАТР соли 1991 барои сармоягузории тарҳҳои хусусӣ ва давлатӣ дар Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ таъсис шуда буд. Дар айни замон он бо 36 кишвари олам аз Аврупои Марказиву Шарқӣ то Осиёи Марказӣ ва қисмати Баҳри Миёназамин муаррифӣ шудаву ҳамкорӣ мекунад. Дар бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ 57 кишвар узвият доранд ва муоҳадаи бунёди он 29-уми июни соли 2015 имзо шудааст.

Шояд шумо суол ё назаре доред?