Абдуқаюми Қаюмзод: “Дигар ҷисми беҷонам...”

 -Шумо тарки рӯзноманигорӣ кардед ё ин як амри муваққатист?

-Дуруд бар ҳамаи хонандагони азиз! Алҳол, баъд аз мусибати сангине, ки бар сари хонаводаи мо омад( давоми 1 ҳафта ҳам ҳамсари азиз ва ҳам падари меҳрубонамро аз даст додам) мисле, ки дигар навишта наметавонам ва гоҳо чунин андешае чира мешавад, ки аслан ҳеҷ гоҳ нанавишта будам. Ҳеҷ гоҳ чизе нанавишта будам, агарчанде собиқаи кориам дар журналистика беш аз бист солро ташкил мекунад , ҳамин ки сари компутар менишинам то чизе бинависам ҳама афкору андеша титу парешон мешавад. Аммо, иншоаллоҳ, мутмаинам, ки чунин вазъи бад ва носолими руҳӣ гузарон ва муваққатист. Вале аз тарафи дигар дар ин шароит ва авзоъ, ки дар кишвар ҳоким аст ва бо онки ҳанӯз ҳам ҳар ҳафта нашрияҳоро мутолиа мекунам ва аз муҳтаво ва мазмунашон хуб воқиф ҳастам, намедонам дар бораи чӣ бинависам?

 Ҳафтаномаҳои Душанбе аз он ҳафтаномаҳое, ки ҳадди ақал ду сол пеш буданд, аз замин то осмон тафовут доранд. Худсонсурӣ, онгуна ки мушоҳида мешавад ба авҷи аълои худ расидааст ва рӯзномаҳои даврӣ рӯз ба рӯз ҷойгоҳ ва мавқеи худро ба унвони як институти муътабар ва муҳимму пураҳамияти иҷтимоӣ доранд аз даст медиҳанд.

Танҳо дар “Нигоҳ” матолибе ба нашр мерасанд, ки ба ҳар ҳол касро ба оянда як кам ҳам бошад умедвор ва дилгарм мекунад. Аммо мутаассифона ин нашрия ҳам он маҳбубияти худро дар ин авохир аз даст медиҳад. Барои мисол қаблан баъзе аз танзҳову пичингҳои сафҳаи 16-и он ,ки гоҳо аз як ҷумла ва ё сархат (абзатс) иборат ва болотар аз як навиштаи таҳлилӣ арзиш дошт, имрӯз ба чашм намехӯрад. Ҳаройина матбуотро тарк накардаам, тарк карда ҳам наметавонам, чун касбам аст ва бидуни он зистан басо мушкил ва душвор хоҳад буд.

-Намехоҳед дар бораи фаъолияти рӯзноманигории худ чизе нависед?

-Ростӣ,фикр мекунам, китоби хотираҳои ҷолибе ба даст хоҳад омад, зеро тақрибан бо тамоми шахсиятҳои номдор ва маъруфи кишвар мусоҳибаҳо доштам ва ончики он замон “аз қалам афтода” будро рӯйи коғаз оварам худ як чизе хонданӣ хоҳад шуд.Фикр мекунам як не, ду -се китоб хоҳад шуд. Аммо дар шароити имрӯза навиштан ва ба табъ расонидан боиси “дардисарҳо” хоҳад шуд.

-Шуморо дар жонри мусоҳиба устод мешуморанд, сирри комёбии худро дар ин жонр дар чӣ мебинед?

-Ман ба ин гуна тавсифу таъриф хуш надорам ва ин як ҳарфи беҳуда аст. Аммо навиштан дар жанри мусоҳибаро хуш дорам. Тавассути мусоҳиба офаридани портретҳои шахсиятҳо дар нигоҳи аввал як кори саҳлу содда ба назар мерасад. Барои мисол, фақат худи розӣ кардани қаҳрамони мусоҳиба ба сӯҳбат гоҳо хуни ҷигар мекунад.Чандин мусоҳиба бо шахсиятҳои машҳури кишвар тавассути телефон доштам, зеро қатъиян аз сӯҳбати рӯбарӯ иҷтиноб меварзиданд вале ҳатто ҳамон сӯҳбатҳои телефониро ҳам розӣ намешаванд, ки ба нашр расонам.Як мисол меоварам. Фақат барои онки аз Бобоҷон Бобохонов, собиқ Додситони кулл мусоҳиба гирам ним сол дари хонаи ӯро ба истилоҳ охурча карда будам.

Дар тамоми давраи кориам дар “Озодӣ” барномаи вижаи мусоҳиба доштам.Солҳои аввал бо номи “Сӯҳбати рӯзи якшанбе” баъдтар бо номи “Гуфтугӯи ихтисосӣ аз Абдуқаюми Қаюмзод” ва дар охирҳо бо номи “Меҳмони “Озодӣ”. Хоҳ бовар мекунед хоҳ не, гоҳо барои гирифтани интервю аз шахси мавриди назар ба ман худи вазирҳо кӯмак карда буданд. Барои мисол бо мусоидати Абдуфаттоҳи Ғоиб (он вақт Саидов) тавонистам, ки бо Низомхон Ҷӯраев, ки дар банд буд мусоҳиба ороям.Вале барои афроде, ки ба ҳар сурат ҳаваси мусоҳиба гирифтан, сӯҳбат оростан бо шахсиятҳои маъруфро доранд, пешниҳоди ман ин аст ки “қаҳрамон”-и худро, то инки ба ҳузураш раванд биомӯзанд ва ҳатто метавонанд чаҳор-панҷ саволи асосиро, ки ҷомиа маҳз аз он нафар посухи онҳоро донистан мехоҳад ёддошт кунанд, боз беҳтар аст. Чунки на ҳама вақт ба хотира мешавад такя кард аммо он нафар “яке” илҳомаш омаду омода шуд, ки бо шумо сӯҳбат кунад. Дар ин маврид шонсро аз даст набояд дод ва баъди анҷоми мусоҳиба набояд ангушти надомат газид, ки саволи асосӣ ин буду ман онро напурсидаам.Хуллас ,назди мусоҳиб бояд омода шуд ва сипас рафт....

-Аслан, рӯзноманигорӣ чист аз нигоҳи шумо?

-Рӯзноманигорӣ ҳам мисли сойири касбу пешаҳои дигар овозхонӣ, пизишкӣ, муҳандисӣ, бухгалтерӣ, кӯчарӯбӣ, ва ғайра касбе аст, ки бо он шумо бори зиндагониатонро мекашед ва бояд ҳам бикашед. Он вақт шумо бо хотири ҷамъ пайи кору эҷод мешавед. Вале дар ғайри ин талафи умр аст ва кадом зарурат ҳам нест, ки шумо “рӯзноманигор” бошед ва ё бишавед. Аммо рӯзноманигорӣ аз ин ҳама касбу пешаҳо, ки зикраш рафт тафовут дорад. Ҳар рӯз ҳадди ақал ҳар як ҳафта бо инсонҳое дидору мулоқот хоҳед дошт, ки зери бори зиндагӣ монда ва ба унвони охарин умед пеши шумо омадаанд. Албатта, дар ин маврид барои шумо сахт душвор хоҳад буд, зеро ҳатман бо як мансабдор ва ё масъули давлатӣ, ки боиси зобу уқубат дар зиндагии ин нафар шудааст, рӯбарӯ мешавед. Мутаассифона, ин рӯбарӯоӣ маъмулан баъди нашри матлаб асосан пеш меояд. Зеро дар оғози кор ин фарди соҳибмансаб аслан шуморо на танҳо қабул намекунад, ҳатто писанд ҳам нахоҳад кард. Вале баъди дарзу нашри “корномааш” бо тамоми имконот лайҳи рӯзноманигор сангар мегирад, дар ҳоле ки беҳтарин ва боодилонатарин роҳ ҳалли мушкили ин нафари шикояткарда аст.

Хуллас, рӯзноманигор вақти андаки худро талафи “разборка” мекунад, коре, ки аслан кадом суду самар надорад. Барои ҳамин нони рӯзноманигорӣ хеле сахт ба каф меояд ва ҳалоли ҳалол аст. (Инҷо журналист-бизнесменҳоро ман сарфи назар кардам ва дар бораи рӯзноманигори асил гуфтам).Ман мутмаинам, ки агар муносибати ҳукумат бо матбуот иваз шавад беҳтарин хабарнигорони тоҷик вориди саҳна хоҳанд шуд ва ҷойгоҳу манзалати муносиб пайдо хоҳанд кард ва онҳо билотардид метавонанд ҳатто соҳиби як зиндагии шоиста ва бидуни камбудӣ даст ёбанд. Яъне манзурам ин аст ки рӯзноманигор аз пушти қалам метавонад баҳузур маишаташро таъмин ва сарфу харҷи рӯзгорашро бароврда созад. Ҳоло танҳо ҳукумат аст ки маҷол барои матбуот намедиҳад ончи ки воқеият астро бинависад ва худсонсурӣ ва тарс журналистонро комилан таҳти фишор қарор дода ва бахусус ноширон ва соҳибони нашрияҳо ва муассисон ин иҷозаро, ки як зердасташ роҷеъ ба фаъолияти як вазир матлаби ошкоро бинависад, аз камбуд ва норасоиҳо дар сиёсати дохилӣ,берунӣ, ҷосозии кадрҳо,бахусус маҳалгироӣ ва ба дасти афроди носазовор ва ношоиста додани мансабҳои муҳимми давлатӣ ,ба маҳзи онки фарзанди “фалонӣ” аст рухсат надорад, ки сатре рӯи сафҳа оварад.Ман аз таҷрибаи нашрияи “Ҳафта”, ки ҳамааш шуда як шумора ба табъ расид, метавонам бо қотеъият кафолат ва замонат бидиҳам, ки бо гузашти 25 сол аз замони истиқлолияти давлатӣ, ҳамоно ҷойгоҳи расонаҳои катбӣ холӣ аст.Агар расонаҳои мустақили солҳои 90-91-92-ро ба хотир оварем ва ҳамчунин аз “Рӯзи нав”, “Нерӯи сухан” ва “Оламу одам” ёдовар бишавем ба ин ҳарфҳо заррае ҳам шубҳа нахоҳем кард.Нашрияи “Ҳафта” аз сӯи тавзеъкунандаҳо чи дар пойтахт ва чи дар вилот ва навоҳӣ ба теъдоде фармоиш дода шуд, ки боваркарданӣ набуд: Наздик ба 12 ҳазор нусха аз шумораи 2 дархости чоп карданд. Албатта вақте бо чунин тираж газета чоп мешавад кормандони он соҳиби маошу пули кофӣ мешаванд. Вале.... мутаассифона вазъият на он тарзе аст ки ба суди хонанда ва дар маҷмӯъ мардуми тоҷик аст.

-Шумо кай вориди майдони рӯзноманигорӣ шудед ва ин касб бароятон чӣ дод?

-Нахустин навиштаи ман дар замони донишомӯзӣ дар соли 19 дар “Ҷавонони Тоҷикистон” нашр шуд. Аммо корро аз соли 1990 дар “Тоҷикистони шӯравӣ” шурӯъ кардам. Сипас “Ҳафтганҷ” ва “Чароғи рӯз”. Баъди як фосилаи калоне аз ноябри соли 2001 корро дар “Озодӣ” идома додам, ки то декабри соли 2012 идома кард. Бидуни шубҳа ин касб бароям зиндагӣ ва обрӯву ҷойгоҳ дод. Ман аз онки зиндагии худро ба журналистика пайвастам пушаймон нестам, агарчанде дар ин авохир, баъд аз онки аз “Озодӣ” берун шудам зиндагӣ мушкилиҳои худро ба намоиш гузошт. Як зиндагии орому осуда доштам вале баъди (забонам намепечад) аз даст додани шарики тамомии умрам хеле хаставу парешон шудаам. Зеро “бисёр мехоҳам,ки нависам, бисёр мехоҳам...аммо наметавонам. Ҳамин ки сари дастгоҳ нишастам ҳама афкору андеша,ҳама ҷумлаву ибора парешону пароканда мешаванд. Наметавонам. Аммо боз менишинаму ноутбукро пеш мекашам. Намедонам ин бори садум аст ё ҳазорум. Дилам мехоҳад нависам, дастам пеш намеравад.... ...Зиндагии ман зеру рӯ шуд. Дигар ҷисми беҷонам. Тани бетавонам, балки тавон танамро тарк карду табдил ба турбат шудам.Ҷисми ман ҷонашро аз даст дод, тани ман аз руҳаш ҷудо шуд....... Оне ки маро тарк кард ва гузошту рафт... на танҳо зан, ҳамсар ва модари фарзандонам, балки рафиқи шафиқ, дӯсти ба маънои пурра ва комили калима -азиз, ёри пур аз меҳру муҳаббат, ишқу вафо,ҳамдаму ҳамроз, маслиҳатгару мушовир, чароғи равшанибахшу роҳнамои зиндагии ман, мунтаҳо ...тамоми буду шуд,тамоми вуҷуд, тамоми дороии ман дар зиндагиам буд. Зиндагиам дар ӯ ифода ёфта буд, зиндагиам дар ӯ ва бо ӯ маъно дошт, зиндагиам бо ӯ моҳияту мазмун дошт,зиндагиам бо ӯ комил буд, зиндагиам бо ӯ ширин буд, зиндагиам бо ӯ зиннат дошт, зиндагиам бо ӯ ҳаракат мекард. Ӯро бо тамоми вуҷудам ва барои тамоми умрам интихоб карда будам. Ҳамин ҳоло низ заррае аз меҳру муҳаббати ман ба ӯ накостааст. Тасаввури инки бе ӯ хоҳам монд, ӯро ба ин зудӣ, дар нимароҳи ҳаёт аз даст медиҳам, бароям боварнакарданӣ ва бегона буд. Ман ин зиндагиро бе ӯ, бе вуҷуди маъсуми ӯ, бе ҳастии ӯ, як лаҳза ҳам тасаввур намекардам. Ҳоло ки беӯстам тамоми баданам, мағз-мағзи ҷисму ҷонам,дилу ҷигарам, дасту поям,бандбанду буғуму буғумҳоям, китфону шонаҳоям ,мӯҳраҳову сутунмӯҳраам,саропойи вуҷудам дар сӯзиш,месӯзанд.Марги ӯ фоҷеа, фалокате буд, ки нохосту ногаҳонӣ рух дод. Тамоми зиндагиам, ҳама ҳавасҳову умедҳоям ,ҳама омолу орзуҳоям, ҳама нақшаву барномаҳоям нимароҳӣ шуданд”. (Ин як пора аз як матлаби номатбӯъ аст, ки ба он худораҳматӣ бахшидаам ва ҳар вақти муносиб пеш омад нашраш хоҳам кард)

-Кадом хотирот аз рафти мусоҳибаҳоятон дар зеҳнатон нақш бастаанд?

-Лаҳзаҳо ва ҳолатҳое, ки сахт таъсирбахш, такондиҳанда ва ба ёдмонданӣ буданд, хеле фаровонанд.Як мусоҳибае доштам бо шодравон Ато Муҳаммадҷонов,Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, ки барои муаррифиаш фикр мекунам ягон зарурате нест. Иттифоқан ин сӯҳбат дар ҳамон шабурӯзҳое иттифоқ афтода буд, ки баъди фурсати хеле кам ин ҳунарманди бузурги кинову театр ҷон ба ҷонофарин таслим кард. Мусоҳиба тахминан якуним соат тӯл кашид аммо ман тукмаи “сохранит”-ро тарзе пахш кардаам, ки ҳамагӣ 16-17 дақиқа ва ин ҳам ҳоло “сӯҳбати хому коркардношуда” боқӣ мондаву бас.Тӯли якуним соати забти сӯҳбат устод Ато чунон ба нақлу ривояти зиндагониаш дода шуда буд, ки гоҳе баланд-баланд ва софу беғаш механдид ва гоҳо баръакс, инони ихтиёр аз дасташ мерафт ва ба Худо мисли як модари фарзандбохта баланд- баланд гиря мекард. Ӯ аслан ягон намуд дипломи донишгоҳӣ надоштааст ва чуноне нақл карда буд бо фаро расидани бегоҳи вокзали Душанбе омада ангишт ва семент мефаровардаст. Дар зиндагӣ зиёд азоб кашидаст. Ҳамон вақт гуфт, ки ваъда доданд, ки барои шомил шудани писараш ба шӯъбаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳ ёрӣ мерасонанд, аммо дар охирин лаҳзаҳо гуфтаанд, ки 800 доллар бояд ба сифати ришва пардохт кунад.Сахт нороҳат ва зиқ буд, ки бо ӯ чунин муносибат кардаанд.....

Дар яке аз мусоҳибаҳо марҳум Сӯҳроб Шарифов-мудири Маркази мутолеоти роҳбурдии вобастаи раисҷумҳурии Тоҷикистон аз суолҳои бараҳна ва “вазнин” ба ҳадде асабӣ ва нороҳат шуд, ки аз ҷойи нишасташ баланд шуд омад тарафи дари хуруҷӣ ва ошкоро ва бо қаҳру ҷаҳл ишораи тарк кардани утоқи кориашро кард. Аммо воқаан зиёии асил буд доктор Шарифов, ки Худо биёмурзадаш. Дертар аввалин нафаре буд, ки дар барномаи “Меҳмони “Озодӣ” ширкат кард ва ба суолҳои боз ҳам ба истилоҳ “хастакунанда”-и ман посух дод ва ростӣ шояд танҳо ва ягона мансабдоре буд, ки андешаҳои интиқодии ҷомеа дар бораи бархе аз ақориби раиси ҷумҳуриро таъйид карда тазаккур дод, ки ин ҳама ба обрӯи шахси аввал беасар нахоҳад буд.

Ва ё вақте аз Шералӣ Гулов дар бораи дузанагиаш суол кардем мисле, ки дар гулӯяш устухон банд монд ва тахмин ним дақиқа бо имову ишора фаҳмонд, ки диктофонро хомӯш созам. Сипас баъди чанд лаҳзае ҷаноби вазири энергетика ба худ омада бо лаҳни бисёр ҳам норозиёна “шарт аст ки ҳамин гуна саволҳо пурсида шавад” гуфт. Аммо баъди нашри мусоҳиба,ки ин қисматаш ҳам ҷой дошт ва бознашри он дар расонаҳои мустақил чизе ҳам нагуфт.....Хуллас , ин гуна ҳолату лаҳзаҳои ҷолиб кам нестанд, ки инҷо бо овардани ҳмин намунаҳо қаноат мекунем.

-Суоле буд, ки аз ман интизор будеду ман напурсидам?

-Шояд ин савол бошад, ки барои кӣ менависед ва чаро менависед? Чуноне худи шумо қайд кардед дар ин чанд гоҳи ахир чизе ба нашр нарасонидаам. Аммо ин на ба он маъност, ки чизе нанавиштаам ва наменависам. Хотираҳову ёддоштҳоро, албатта, агарки фикр мекунам лоиқ ва кирои навиштан аст кам-кам менависам. Аммо ба ростӣ сахт ба зӯрӣ.Чун бештари авқот барои худ менавиштам (албатта, супоришу дастуроти роҳбарияти коргоҳҳое, ки кор кардамро инҷо истисно мекунам) ҳоло низ дар қадами аввал барои худам менависам ва гарки аз он қаноат ҳосил кардам сипас дар мутолиа ва қироаташ хонандаи закӣ ва ҳушмандро низ шарик месозам. Алъон фикр намекунам, ки маро кадом нашрия ва радиое ба кор бигирад. Тобистони ҷорӣ хостам аз як нафар масъули матбуоти вобаста ба давлат, ки солҳои пеш якҷо бо мо дар “Чароғи рӯз” кор мекард, зиёрат кунам. Зимнан ҳатто дар даврони шӯравӣ нафаре, ки дар ҷойи ин бародар кор мекард ва боқии сармуҳаррирони расонаҳои ҳатто расмӣ барои ҳар корафтода дастрас буданд, чи расад ба ҳамкори собиқ, ки танҳо барои аҳволпурсӣ хост аз ӯ дидан кунад. Ҷавоби ӯ чунин буд: “ Рӯзи шанбе рӯзи қабул аст, он рӯз биёяд”... Дигар атояшро ба лиқояш бахшидам ва аз тасмими боздиди ӯ комилан сарфи назар кардам.

Назарҳо

Муаллифаш ким?
умед аст, эшон чунони қалби бузург ва иродаи мустаҳкаме доранд, ки ҳеҷ гоҳ ҷои аслии хешро тарк намекунанд, ин ҳама ноҷуриҳои зиндагӣ ва қисмати "талх" руҳиашро нахоҳад рабуд!
Муаллифаш Точнюс дия бо ки мешуд. Мусохибая хон ба муаллифаш чи кор дори?

Шояд шумо суол ё назаре доред?