Абдуллоҳи Раҳнамо: "Дар муҳити тоҷикӣ зистан як ҳаловат аст… "

Ахиран дар сафари тӯлонӣ ва дур аз муҳити тоҷикӣ будам. Дар давраи омӯзишӣ, бо ҳамсабақони огоҳу бофарҳанг аз 29 кишвар, ки ҳар яке хубиҳои худро дошт. Хосса, мардуми кишвари мизбон мардуме бостонӣ, соҳибтамаддун ва огоҳу ақлгаро буданд, ки бо як ҷаҳон сабақу сипос аз онҳо ба ватан бозмегардам.

Он ҷо шароити зиндагӣ олӣ буд, аммо дар ин муддат маро эҳсосе фаро гирифт, ки ҳар касе дар муҳити тоҷикӣ рустааст ва хамираш бо ҳамин арзишҳо сиришта шудааст, ба табассуми тоҷикӣ, ба нури рӯи тоҷикӣ, ба муҳаббати тоҷикӣ, ба дилсӯзиву эҳтироми тоҷикӣ, ба лаҳни тоҷикӣ ва ба дастурхони тоҷикӣ сахт пайваставу вобаста шуда, ҳатто дар як ҳафта чун кӯдак ҳамаи онро пазмон мешудааст. Аз он фосила амиқан дарёфтам, ки бо тоҷик зистан худ як осоиш аст, бо тоҷик зистан як ҳаловат аст, бо тоҷик зистан як роҳат аст, бо тоҷик зистан як ғамхориву таваҷҷӯҳи муфт аст…

Агар бар фарз, ҳамаи муносибатҳои инсонию ҷамъиятии тоҷикиро ба низоми бозорию пулӣ баргардонем, метавон гуфт, ки мо ҳамарӯза барои ҳамдигар ба арзиши даҳҳо ҳазор сомонӣ хидмату мусоидат мекунем: мо ба калонсолон ҳанӯз беминнат ҷой медиҳем, ҳанӯз ба пурсандагон оромона нишонии ТВ «Сафина»-ро мефаҳмонем, ҳамдигарро самимона ба як пиёла чой даъват мекунем, ҳанӯз барои наҷоти касе худро ба дарё меандозем, бобову бибию падару модарро ҳанӯз бепул парасторӣ мекунем, беморонро ҳанӯз бепул хабар мегирем, хонаи ҳамсояро ҳанӯз бепул нигаҳбонӣ мекунем… ва мурдаҳои ҳамдигарро ҳанӯз бепул мегӯронем...

Банда дар ҷавонӣ низ борҳо берун аз кишвар будаам ва зистаам, аммо он вақтҳо ҳаргиз чунин вобастагии вуҷудиро ба муҳит ва арзишҳои тоҷикӣ эҳсос накарда будам. Вале ҳоло дар моҳи дуюм чунон пазмони муҳити тоҷикӣ гаштам, ки ҳатто бо хондани ахбори Тоҷикистон дилам гум мезад.

Бале, шояд дӯстон ин ҳолатро аломати маҳдудият, заифӣ ва ё аломати пир шудани банда таъбир намоянд. Аммо ман омодаам тамоми ин аломату маломатҳоро ба дӯш гираму бо садои баланд бигӯям, ки бале, зистан дар муҳити тоҷикӣ як лаззат аст, як ғанимат аст, як ҳаловат аст…

Ва гоҳо таассуф мехӯрдам, ки мо низ баъзе сифатҳои ҷавҳарии худро аз даст медиҳем. Аммо ҳамон рӯзҳо аз сомонаҳои тоҷикӣ хондам, ки дар озмоише дар кӯчаи Душанбе аз 100 нафар 90 нафари раҳгузарон, яъне 90% аз онҳо (!!!) ба ҷавоне, ки «аз сактаи қалб рӯи роҳ меафтад», дасти ёрӣ дароз кардаанд. Зимни ҳамин озмоиш дар чанд пойтахти бузурги ҷаҳонӣ аз 100 нафар фақат 4-5 нафар (!!!) дар чунин ҳолат ба ҷавон таваҷҷуҳ ва ёрӣ намудаанд. Ин тафовути бузург аст, ин тафовути бисёр бузург аст, ин тафовути тоҷик аст! Ва аз даст рафтани ин тафовут бохте басе сангин мебуд…

Бо хондани ин навид дар он дурӣ беихтиёр ашк дар чашмонам ҳалқа зад ва дар тараннуми хисалатҳои ҷавҳарии мардуми бузургвори тоҷик суруди пур аз муҳаббате бар забонам ҷорӣ шуд. Бале, он шеъри баланди осмонӣ нест, аммо он аз замири пур аз эҳсос ва рӯҳи пазмони муаллиф барои муҳити тоҷикӣ ва муҳаббати тоҷикӣ берун омадааст. Ва дареғ мебуд, ки ин эҳсосости амиқро бо дӯстон дар миён намегузоштам.

Роҳати ҷон аст тоҷик

Некрӯю некному некунвон аст тоҷик,

Хушдилу софу самимию сухандон аст тоҷик, 

Як чаман себаргаву як пора имон аст тоҷик,

Нусхаи асли фазилатҳои инсон аст тоҷик,

Меҳрубону қадрдону роҳати ҷон аст тоҷик.

 

Хандаҳои кӯдакони пахтасебаш нур дорад,

Дар нигоҳи дилбарони дилфиребаш нур дорад,

Дар ҷабини мӯсафедони базебаш нур дорад,

Осмону офтобу моҳи тобон аст тоҷик,

Меҳрубону қадрдону роҳати ҷон аст тоҷик.

 

Аз табори растагору аз нажоди арҷманд аст,

Хиттаи нангаш бузургу хатти номусаш баланд аст,

Дар вуҷудаш кони панду дар забонаш кони қанд аст,

Ҳикмату андешаву фарҳангу ирфон аст тоҷик,

Меҳрубону қадрдону роҳати ҷон аст тоҷик.

 

Пораи ноне агар рӯи замин бинад, бичинад,

Аз тараҳҳум об гардад гар ғариберо бубинад,

Дар бари ҳамсояи бемор чун модар нишинад,

Беҳтарин тафсири маънии мусулмон аст тоҷик.

Меҳрубону қадрдону роҳати ҷон аст тоҷик.

 

Некрӯю некному некунвон аст тоҷик,

Нусхаи асли фазилатҳои инсон аст тоҷик,

Ҳикмату андешаву фарҳангу ирфон аст тоҷик,

«Нури дида тоҷи сар», мафтуни меҳмон аст тоҷик.

Меҳрубону қадрдону роҳати ҷон аст тоҷик.

Copyright @2015 TojNews

 

Назарҳо

Саломат бошед, Бори дигар чавхари точикро сурудед. Ин бояд суруд шавад Устодон Саидкул Билол ё Файзали Хасан ва ё Ибодулло Машраб инро бо мусикии ноби точики хонанд Оли мешавад. Ташаккур устод Рахнамо
Шеъри хуб аммо хамин мисраъи охиринаш яъне -Copyright @2015 TojNews- чандон фахмо нест
Бародарони гироми, суханони ман шояд каме ба иззати нафси баъзе нафарон расад ва аз ин хотир каблан маъзарат мепурсам. Муддати тулони дар кишвархои гуногуни Урупо будам, дар Амрико хам муддати мадид будам, албатта зодгох, ватан азиз аст, барои хар кадоми мо. Аммо вакте мебини, ки аз канорат мегузараду урупои "sorry" мегуяд, баъзан хайрон мешаваи, дар бино ва утокхои кори даромадан хамон гарму нарм саломат медиханду холатро пурсон мешаванд, хушат меояд ва чун ба сарзамини худ меоиву хангоми аз чое гузаштан ба китфашон зада мегузаранду доду фарёд мекунанд, хакорату кабохатро бехадду хисоб мешунави, то андозае шок мешаваи, сарзамини фарханги, гузаштаи бостон, мероси гаронбахо, чомеаи суннати, аммо... рафтору гуфторхо дигар. Ба ин чи мегуед?? Ман бештар дар хоричам ва камтар ин чо, аммо бароям хамон чо хуб аст, ки эхтиром, рафокат, иззати худуду арзихшхои хамдигар чой дошта бошад. Ин бародар шояд дар ягон кишвари шарки будааст ва ё намедонам дар чое будааст, ки мухит барош созгор набуда, вагарна ман афроди зиёдеро медонам, ки чун мебароянд дигар барнамегарданд.
Бародар САМИР.Одоб аз сатхи зиндаги ва холати асабхам вобастагии калон дорад.Ман боваргии комил дорам,ки гар сатхи зиндагии мо точикхо мислии аврупоихо бошад,одоби мо аз онхо хело боло меистод.Мисоли одди,хамхуну хамзабон-бародарони эронии мост.Як ба тв-и ЭРОН нигаред "ДАР ХИЗМАТИ ШУМО"ё "ХАСТА НАБОШЕД" аз забонашон канда нест...
Мурге, ки хабар надорад аз оби зулол, Минкон дар оби шур дорад хама сол.
Мебинам, ки акалан холо дарк намудаанд. Ба хаминаш хам, хушхол хастем. Боз, агар фаьолият мекарданд, хубтар мешуд.
оли
Барои дустамон Зохир байтро дурусттар ислох намоем. Мавлоно дар Маснавии шариф мефармоянд: Мург к-у нохурда аз оби зулол, Андар оби шур мезад парру бол. Албатта агар ин дар хакки муаллифи матлаб бошад, адолат нест, зеро мафтуни он табассумхои "сорри" гуфтани гарбихо нашавед, Онхо мардуми хубанд. тозаанд, аммо мухаббати модари точик нотакрор аст. Муаллиф дуруст гуфтааст аммо вакти анвиштан нест

Шояд шумо суол ё назаре доред?