Афзоиши бесобиқаи талафоти неруҳои давлатии Афғонистон

Шумори кушташудагони неруҳои мусаллаҳи Афғонистон дар соли равон ба 5 ҳазору 523 нафар расидааст.

Дар ин бора имрӯз дафтари бозрасии ИМА барои бозсосзии Афғонистон иттилоъ додааст.

Ин дафтар дар гузориши семоҳаи худ ба Конгресси Амрико навиштааст, ки аз аввали соли ҷорӣ то 19-уми август 5523 нафар сарбозони артиши Афғонистон ва дигар ниҳодҳои низомӣ дар ҷанг бо мухолифон кушта шуда, 9965 тани дигар захм бардоштаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки талафоти низомиёни Афғонистон дар соле пеш 5 ҳазор куштаву 15 ҳазор захмӣ буд. Теъдоди қурбониёни 9 моҳи соли равон дар қиёс ба кушташудагони соли гузашта 9 дарсад бештар арзёбӣ мешавад.

Генерал Ҷон Никелсон, фармондеҳи неруҳи Амрико ва НАТО дар Афғонистон аз нокомии беш аз ҳадди неруҳои давлатӣ дар ҷанг бо мухолифонашон ҳушдор дода буд.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?