Афзоиши буҷаи ҳарбии кишварҳои олам дар соли 2015

Хароҷоти ҳарбии кишварҳои олам дар соли 2015 1,676 трлн долларро ташкил додааст, ки аз соли 2014 1% бештар шудааст.

Тибқи пажуҳиши навбатии Созмони байналмилалии Стокҳолм оид ба масъалаҳои сулҳ (SIPRI), хароҷоти низомии кишварҳои олам баъди соли 2011 бори аввал рӯ ба афзоиш ниҳодааст. 36% хароҷоти низомии ҷаҳон ба ИМА рост меояд, ки ин давлат дар соли 2015 ба соҳаи ҳарбиаш 596 миллиард доллар масраф кардааст.

Дар ҷойи дуюм Чин бо масрафи 215 миллаирд қарор дорад, ки 13% хароҷоти низомии ҷаҳон ба ин кишвар рост меояд. Харҷи Арабистони Саудӣ 87,2 миллиард доллар ё 5,2%-и масрафоти низомии ҷаҳонро ташкил медиҳад, ки аз Русия пеш гузаштааст.

Маскав соли 2015 66,4 миллиард долларро сарфи буҷаи ҳарбӣ кардааст. Русия дар ҷаҳон чорумин кишварест, ки хароҷоти азими низомӣ дорад. Масрафоти низомии Русия дар қиёс ба соли 2014 7,5 ва назар ба соли 2006 91 дарсад афзудааст.

Аммо SIPRI мегӯяд, имсол аз сабаби афтиши нархи нефт буҷаи низомии Русия низ мутаносибат коҳиш ёфт.

Дар ҷадвали кишварҳо бо хароҷоти низомии азим Британияи Кабир (55,5 миллиард доллар) омадааст. Австралия ва Италия низ дар миёни 15 кишвари пурхарҷ дар соҳаи ҳарбӣ мебошанд. 

Дар кишварҳое чун Венесуэла, Ангола, Уммон, Эквадор, Бруней, Чад, Қазоқистон ва Судони Ҷанубӣ коҳиши буҷаи низомӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар миёни кишварҳои тавлидкунандаи нефт ба буҷаи низомии худ Озарбойҷон, Алҷазоир, Русия, Арабистони Саудӣ ва Ветнам ба буҷаи ҳарбии худ афзудаанд. Сабаби инро таҳлилгарони ин пажуҳишгоҳ дар он мебинанд, ки аксари ин давлатҳо ё ба таҳдидҳои амниятӣ рӯ ба рӯянд ва ё дар зиддият бо кишваре қарор доранд.

Аммо SIPRI гуфтааст, ки имсол Арабистон ва Русия қасд доранд хароҷоти ҳарбии худро камтар кунанд. 

Британияи Кабир, Фаронса ва Олмон изҳор доштаанд, ки аз сабаби эҳсоси ноамнӣ аз  ДОИШ қасд доранд буҷаи низомии худро боло баранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки соли 2015 харҷи муштараки низомӣ дар кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Ғарбӣ 0,2 дарсад кам шудааст. Вале харҷи ҳарбии худи кишвраҳои Аврупои Марказӣ 13 дарсад зиёд шудааст.

Се кишвари назди Балтик, Лаҳистон, Руминия ва Словакия низ харҷи низомии худро боло бурдаанд.  

Copyright © 2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?