Афзоиши воридоти гандум ба Тоҷикистон

Ҳаҷми воридоти гандум ба Тоҷикистон дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 12,9 дарсад афзоиш ёфтааст. Воридоти орд бошад 36,6 дарсад коҳиш ёфтааст.

Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки зарфи 7 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 527,8 ҳазор тонна гандум ва 56,2 ҳазор тонна орд ворид шудааст. Ҳар тоннаи гандум ба Тоҷикистон бо арзиши 228 доллар ва ҳар тоннаи орд бо қиммати 347 доллар ба Тоҷикистон расидааст.

Манбаъ мегӯяд, моҳи августи соли равон арзиши орд дар бозорҳои кишвар муътадил буд. 2-юми сентябр ҳар халта орд (50 кило)-и навъи якуми тавлиди маҳаллӣ 153,5 (наздик ба 19,5 доллар) буд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 8,6 доллар кам мебошад. Орди наввъи аввали тавлиди Қазоқистон бошад 161,7 сомонӣ (20,5 доллар) арзиш дошт, ки аз ҳашмоҳаи соли гузашта 7,8 доллар камтар аст.

Шояд шумо суол ё назаре доред?