Агар маҳвораҳо тахриб шаванд, чи пеш меояд?

Бо рушди чашмгири техника пажуҳишгаронро суоле нигарон кардааст, ки агар маҳвораҳо дар фазо тахриб шаванд, инсониятро чӣ пеш хоҳад омад?

Олимон мегӯянд аз замони партов шудани аввалин маҳвора ба фазо 60 сол сипарӣ шудааст ва то кунун он қадар маҳвораҳое ба гӯшаву канори кайҳон фиристода шудаанд, ки сарнавишти баъдии онҳо изтиробовар аст. Ин дар ҳолест, ки кашфиётҳои имрӯзаи илмиро наметавон бе ширкати маҳвораҳо дар фазои кайҳон тасаввур кард.  Пойгоҳи интернетии Gizmodo хостааст, муайн кунад, ки агар ин ҳама маҳвораҳо аз кор монанд ва ё тахриб шаванд, чӣ ҳолате пеш хоҳад омад.

Дар навбати аввал се сенариёи имконпазири аз фаъолият бозмондани маҳвораҳо мавриди таҳлил қарор гирифтаанд ва тибқи далоили бадастомада ин се сенариё комилан амалишавандаанд. 

Олимон таҳлилеро аз ҳикояи нави фантастикии П.В. Сингер ва Август Кол  “Румон аз ҷанги ҷаҳонии баъдӣ” гирифтаанд, ки қарор аст рӯзҳои наздик чоп шавад. Муаллифон дар ин ҳикоя мегӯянд, ки маҳвораҳо бар асари ҷангҳо миёни кишварҳо тахриб карда мешаванд. Тибқи ғояи муаллифон дар ояндаи наздик ҳукумати Чин бо истифода аз як силоҳи хеле мудерн ва дақиқ нуқтаҳои стратегии ИМА-ро ҳадаф қарор медиҳад. Дар натиҷа даҳҳо маҳвораи наздик ба Замин то замоне, ки амалиётҳои заминӣ шуруъ мешаванд, тахриб мегарданд. 

Аммо тибқи сенариёи дигар, ки онро Ҷеффер Кейтер, дотсенти Пажуҳишгоҳи ба номи Ҷорҷ Маршалл пеш мегузорад, маҳвораҳоро ҷонибҳои даргир метавонанд аз марказҳои идории онҳо бо истифода аз мушакҳо, лазерҳо ва силоҳҳои ҳастаӣ хориҷ аз кор кунанд. 

Аз сӯи дигар тӯфони офтобиро низ метавон як сенариёи дигари нобуд шудани маҳвораҳо донист. Соли 1859 як чунин тӯфоне рух дода ва такрораш аз эҳтимол дур нест. Бино ба навиштаи  Universe Today  “дар ин ҳолат ҳиссаҳои ин тӯфон аз паҳлуи Замин убур мекунанд ва эҳтимол меравад як зарбаи электрикии қудратманд ба Сайёра расад. Агар маҳвораҳо дар наздикии Замин қарор дошта бошанд, дар аксар маврид онҳо зери ҳимояи майдони геомагнитии Сайёра қарор доранд, вале маҳвораҳое, ки дар мадори геосинхронӣ ҷойгир карда шудаанд, ба чунин зуҳурот бештар осебпазиранд, чун ҷанбаи ҳимоявии онҳо заъиф аст. Бар асари тӯфон дар дохили маҳвора ҳиссаҳои захмхӯрда ҷамъ мешаванд, ки он муҷиби осеб ба ҷузъҳои ҷудогонаи маҳвора мешавад. Он ҳиссаҳо оташ мегиранд”. 

 Ва билохира синдроми Кесслерро ҳам набояд фаромӯш кард. Ин саҳнаи эҳтимолиро соли 2013 офарандагони филми “Ҷозиба” инъикос карда буданд. Рӯйдоди маҳвораи ҷосусии Русия ва шикастапораҳои паҳну парешони вай муҷиби вокунишҳо дар фазои наздик ба Замин шуда буд. Аз кор бозмондан ва тахриби маҳвораҳои зиёд дар кайҳон ҳаёти ҳавонавардонро низ ба хатари ҷиддӣ мувоҷеҳ кард. Universe Today менависад, ки “албатта ин ҳамаро тасаввур кардан хеле даҳшатнок аст, вале эҳтимолияти он ба муҷарради дар фазо беш аз пеш ҷамъ шудани партовҳои кайҳонӣ меафзояд”. 

Ва аз назари баъзе муҳаққиқон тахриби маҳвораҳо иртибототи коммуникатсиониро ба хатари азим мувоҷеҳ мекунад. “Агар мо маҳвораҳои коммуникатсиониро аз даст диҳем, пас ин иқтидори конолҳои коммникатсиониро хеле заъиф мекунад”,-мегӯяд Ҷонатан Макдауэлл, астрофизик ва олими расадхонаи Канада. Дар он сурат лозим меояд, ки ҳамаи хатҳои иртиботӣ бо роҳҳои дигар дубора фаъол карда шаванд ва ин ҳатман ба сифат ва меъёри гуфтугуҳои телефонӣ низ таъсири манфӣ мерасонад. 

 «Ҳамзамон бо ин телевизион низ барҳам мехӯрад. Зеро қисмати азими шабакаҳои телевизионии олам аз тариқи маҳвораҳои пуриқтидоре пахш мешавнад, ки дар кайҳон ҷойгир карда шудаанд”,- мегӯяд Макдауэлл. Соли 1998 дар фазо танҳо як маҳвора аз кор монд ва таъсири он ба аксари пейджерҳо расида буд. Ва боз агар кулли маҳвораҳо ё ҳаддиақал ниме аз онҳо аз кор монанд, пас тасаввур кардан ғайриимкон аст, ки чӣ пеш хоҳад омад.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?