Агентӣ назорати маводи нашъаовар дар Кӯлоб соҳиби бинои нав шуд

Дар шаҳри Кӯлоб бинои таъмиршудаи шуъбаи байниноҳиявии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон, ки бо кӯмаки Чин амалӣ шуда буд, ифтитоҳ шуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовар дар маросими ифтитоҳи он Директори Агентӣ Шерхон Салимзода ва Сафири Чин дар Тоҷикистон Юе Бин, намояндаи расмии Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой Сю Найган, роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатии вилоятӣ ва маҳаллӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят, инчунин васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Манбаъ мегӯяд, ин бинои фарсуда мутобиқи созишнома миёни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Чин оид ба расонидани кӯмаки ройгон таъмир гардида, ба истифода дода шуд.

Бинои мазкур дорои таҷҳизоти ҳозиразамон, утоқҳои корӣ, ошхона, боздоштгоҳи муваққатӣ, маҷмааи варзишӣ, нақлиёт ва таъмини барқ мебошад, ки барои баланд бардоштани натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматӣ, таъминоти моддӣ-техникии ҷузъу томҳои Агентӣ мусоидат менамояд.

Шубаи байниноҳиявии Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Хатлон барои тақвияти мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар шаҳри Кӯлоб бунёд шудааст ва ҳадаф аз он роҳандозии чораҳои фаврӣ дар навоҳии ҳаммарзи минтақаи Кӯлоб бо Афғонистон аст.

Copyright © 2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?