AI Apple, Samsung ва Sony-ро ба сӯистифода аз меҳнати кӯдакон муттаҳам мекунад

Бузургтарин ширкатҳои техноложии ҷаҳонӣ ба сӯистифода заҳмати кӯдакон муттаҳам мешаванд.

Созмони ҷаҳонии Афви Байналмилал (Amnesty International) ширкатҳои машҳури Apple, Samsung ва Sony ба истифода аз меҳнати кӯдакон муттаҳам кард.

Инсозмон ахиран дар маърӯзае навишт, ки ширкатҳои машҳуре чун Apple, Samsung, Sony дар корхонаҳои коркарди маҳсулоти хоми худ аз заҳамоти атфол истифода мекунанд. 

Гуфта мешавад, ки дар Конго кӯдаконе маҳсулоти хом истихроҷ мекунанд, ки бисёре аз онҳо ҳанӯз ба синни ҳафтсолагӣ ҳам нарасидаанд. Аммо ширкатҳои технологӣ ин иттиҳомро рад мекунанд ва мегӯянд, онҳо ба ҳеч ваҷҳ аз заҳматҳои тифлон истифода намекунанд. 

Amnesty International хабар медиҳад, ки аксари касоне, ки дар истихроҷи ашё ширкат доранд, аз мушкилоте саломатӣ ҳарф мезананд ва онҳо дар аксар мавридҳо ба хатарҳо аз ҳаводиси нохӯш рӯ ба рӯянд. 

Дар инмаърӯза омадааст, ки аз моҳи сентябри соли 2014 то декабри соли 2015  дар Ҷумҳурии Конго ҳадди ақал 80 конкан баҳалокат расидаанд. 

“Тазодро бинед: аз сӯйе намоишгоҳи мағозаҳо бо техноложии муосир ва хеле зебову нозанин ва аз сӯйи дигар тифлаконе, ки халтаҳои пур аз санг мекашанд ва конканҳое, ки дар нақбҳои тираву тор саломатии худро аз даст медиҳанд”,- мегӯяд Марк Дюметт намояндаи  Amnesty International.

Ин манбаъ ҳамчунин гуфтааст, ки ҳарчанд рақамҳои дақиқтарро пайдо кардан амри маҳол аст, вале ЮНИСЕФ чанде пештар эълон карда буд, ки дар конҳои истихроҷи маҳсулоти Ҷумҳурии Конго наздик ба 40 ҳазор атфол саргарми коранд.

Copyright @2016 TojNews  

Шояд шумо суол ё назаре доред?