АКС: 12 млн. доллар маблағи ИМА барои тақвияти сарҳади Тоҷикистон

Ҳукумати ИМА ба неруҳои сарҳадии Тоҷикистон дар ҳаҷми 12 млн. доллар воситаҳои техникӣ тақдим намуд.

18-уми август бо иштироки Элизабет Миллардо, сафири ИМА дар Тоҷикистон, Саймумин Ятимов, раиси КДАМ ва Шералӣ Хайруллоев, ёрдамчии Президент маросими тақдими воситаҳои техникӣ ба қушунҳои сарҳадии кишвар баргузор шуд.

Воситаҳои техникии тақдимшуда аз таҷҳизоти комуникатсионӣ бо арзиши 9 млн. доллар ва автомашинаҳои “J8 Jeep Wrandlers” бо арзиши 3 млн. доллар иборат буданд. Кӯмаки мазкур аз ҷониби Барномаи мубориза бо маводи мухаддири Фармондеҳии марказии ИМА (CeENTCOM) маблағгузорӣ шудааст.

CENTCOM радиостансияҳои “Моторола” бо нармафзори шабакавии “TURBO”, ки метавонад ҳаракати кормандонро аз як ҷой ба ҷои дигар бо истифодаи GPS пайгирӣ намояд. Инчунин ба қушунҳои сарҳадии кишвар 50 адад автомашинаи “J8 Jeep Wrandlers” супорида шуд.

Сафир Миллард дар баромади худ қайд намуд, ки тақдими таҷҳизоти комуникатсионӣ ва воситаҳои нақлиёт дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби ИМА дар амри решакан намудани гардиши ғайриқонуии маводи мухаддир гувоҳӣ медиҳад.

Шералӣ Хайруллоев, ёрдамчии Президент ИМА-ро яке аз кишварҳои кӯмакрасони Тоҷикистон ном бурда гуфт, ёрии башардӯстонаи Ҳукумати Амрико барои ҳифзи сарҳад ва таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ муассир аст.

Назарҳо

бисьёр хуб ,хукумат бояд хамтур кор кунад на интараф ва на онтараф бояд дар мобайн монад балки ,руссия бисьер хушер аст ,ва мехохад ,ки Точикистони мо дар таи дасти у бошад ,лекин сай мекунам хукумати мо хам кам кам зирак шуда истодааст ,бояд зирактар шуд ва нагузошт ,ки бар сари хукумати мо бегона хукумрони кунад офарин аз харчо кам кам истифода бояд бурд .ва Точикистони азизамонро зебо ва иктисоди зиндагонияшро хуб кард .

Шояд шумо суол ё назаре доред?