АКС: Аввалин китоб дар бораи Дилшод Назаров чоп шуд

Дар Тоҷикистон нахустин китоб дар бораи Дилшод Назаров таҳти унвони “Дилшод Назаров-қаҳрамони олимпӣ” ба нашр расид. 

Нарзулло Латифов, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон ва муаллифи ин китоби тозанашр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт китоби мазкур бо ду забон, тоҷикӣ ва русӣ дар нашриёти “Андалеб” ба нашр расидааст. Ба иттилои муаллиф, китоби мазкур дар бораи дастоварди бузурги гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия нақл мекунад.

Номбурда мегӯяд, инчунин дар ин китоб хонанда роҷеъ ба натиҷаҳои нишондодаи дастаи мунтахаби кишвар дар Олимпиадаи Рио-2016 маълумот пайдо мекунад. Манбаъ мегӯяд, муҳаррири китоби тозанашр Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон буда, он манбаи иттилоот барои доираи фарохи хонандагон, аз ҷумла, ҷавонон, донишҷӯёну устодон, кормандону хабарнигорони соҳа, муаррихону муҳаққиқон ва алоқамандони варзиш пешбинӣ шудааст.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?