АКС: Эмомалӣ Раҳмон бо Бозор Собир ва Муъмин Қаноат роҳи оҳанро ифтитоҳ кард

Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо як гуруҳ аз шоиру нависандагон аз ҷумла Бозор Собир, Муъмин Қаноат, Меҳмон Бахтӣ ва Низом Қосим роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлобро ифтитоҳ кард.

Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, расо соати 6-и пагоҳии рӯзи 24-август нахустин қатора аз саристгоҳи роҳи оҳани пойтахт бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, инчунин аҳли зиё, намояндагони соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва ҷавонони фаъолу ташаббускор дар самти Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб ба роҳ баромад.

Арзиши лоиҳавии он зиёда 165 млн сомониро дар бар мегирад. Дар ин шоҳроҳ 3 адад нақб бо дарозии умумии 3643 метр бунёд гардида, дарозтарин нақби он 2 ҳазору 209 метрро ташкил медиҳад, ки дар шароити кӯҳистони минтақа бунёди он маҳорати баланди касбӣ ва донишу таҷрибаи мутахассисонро талаб мекард. Ҳамзамон дар ин лоиҳа 8 адад купрук бо дарозии умумии 683,2 метр бунёд гардид.

Роҳи қаблӣ дар роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа бо убури марз 432 кмро дар бар мегирифт ва маҳз бо бунёди нақбу купрукҳо 313 км ихтисор гардида, дарозии он ҳамагӣ 119 кмро ташкил хоҳад дод.

Таносуби боркашонӣ тавассути хатсайри роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа барои 1 тонна қариб 120 сомонӣ арзон хоҳад гашт, яъне қаблан он ба 160 сомонӣ баробар буд ва акнун тавассути роҳи нав 35-40 сомонӣ арзиш хоҳад дошт.

Мутобиқи нишондоди мутахассисон самаранокии солонаи иқтисодии роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа 46 млн. сомониро дар бар мегирад ва ин тадбир имкон медиҳад, ки дар давоми 10 сол тамоми хароҷоти барои бунёди он масрафшуда барқарор карда шавад.

Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи нахустин нақби роҳи оҳани мамлакат – Ҳулбук бо дарозии 2-ҳазору 209-метр изҳор дошт, ки тамоми талошҳои Ҳукумати мамлакат бо татбиқи сиёсати муваффақи баровардани Ҷумҳурӣ аз мушкилоти коммуникатсионӣ барои рушди ҷомеа ва таъмини некуаҳволии мардум равона шудааст.

Президенти Тоҷикистон ҳангоми ҳаракат дар хатсайри роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб, изҳор дошт, ки имрӯз барои мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони заҳматқарини вилояти Хатлон рӯзи басо хотирмони таърихӣ мебошад.

 

Назарҳо

Рохкушои яке аз бехтарин сиесати Чаноби Оли мебошад. ТАБРИК ТАБРИК!!!
Дар бари рохбари давлат хамин бозор собир ро ки рох дод??? Аз танаи у буи душмани моеяд мухтарам рохбари давлат шумо он кас ро хурмат ва эхтиром накунед вай хамон ватанфуруш хаст,ки гуфта буд ватани ман амрико чи кор мекуни дар точикистон садкаи нони ватан ва мардумаш шави бозор.
Боз барои мардуми Хатлон имруз рузи таърихии фаромуш нашудани мебошад. Бо талошу захматхои сарвари давлат рохи охани Кургонтеппа - Кулоб ба истифода дода шуд. Мардуми Хатлонзамин ин захмату мехнатхои бепоёни Пешвои миллатро фаромуш нахоханд кард.
Лоики тасалли ва шукргузорист, ки рохи охани Кургонтеппа- Кулоб мушкилоти дехконону сохибкоронро дар ин минтака сабук намуда, мардуми Хатлонзамину Кулоб махсулотхои кишоварзиро бо нархи дастрас кабули хеш менамоянд. Ин рох ба иктисодиёти кишвар таъсири мусби мерасонад.
Боз копрукҳои куҷоро канда бурден. Пештар низ роҳи Душанбе Кулоб ҳам кушода шуда буд аммо баъди он гум шуд
Хамин Бозор Собир чи обру дорад ки президент уро дар бари худ гирифтааст?
акнун бояд каторахои байни вилояти (электричка) ба кор барояд то ин рох пардохтхои худро бипушонад. акалан 2-3 катора ба самти душанбе -кургон- кулоб, душанбе -кургон-шахритус, душанбе-регар, шахритус-кургон-кулоб..ва бояд сурати харакатикатора баланд бошад то мардум аз таксихо нею аз электричка истифода баранд..вагарна бо як катораи кулоб-москва дар як хафта ин рохам баста мешавад.
Муҳтарам рӯзноманигорони тоҷик! Шумо кай калимаи «купрук» -ро бо забони миллӣ менависед? Купрук - ПУЛ.
Купрук - ПУЛ.
Ба назарам Хатлон дар гумбасти комуникатсиони е танкисии рох карор хам надошт. Сугд бошад пурра блокада шудай. Бояд ай холи сугдиен гам мехурден. Ай се тараф узбекхо махкамаш карданд. Ай тарафи дигар киргизо ки хамеша чанчол доранд. Ягона рохаш Душанбе Чанок. Хамон хам ройгон нест. Нафаси бечора сугдиен чунон тангай ки, касе хаелашон намекунад.
Зинда бод Эфталия.

Шояд шумо суол ё назаре доред?