Акс: Намоиши муди либосҳои исломӣ барои бонувон

18-уми ноябр дар шаҳри Куала-Лумпур, пойтхи Малайзия маҳфили муди либосҳои исломӣ баргузор гардид.

Ба гузоришии Хабаргузории CNN-и ИМА, ин чорабинии фарҳангӣ бо ташаббуси Колфин Суи малайзиягӣ ва дигар тарроҳони либоси шинохтаи Малайзия, Индонезия, Сингапур ва Банглодеш гузаронида шуд.

Гуфта мешавад, Малайзия тайи солҳои ахир талош дорад, ки бо баргузории маҳфилҳои гуногуни муди либосҳо ба маркази муди либосҳои исломӣ табдил шавад.

Пеш аз ин Палатаи савдо ва саноати Дубай пажӯҳишеро дар ин бора гузаронида, маълум кард, ки бозори ҷаҳонии либосҳои исломӣ бо тарҳонаш метавонанд талаботи сокинони кишварҳои исломӣ, аз ҷумла занонро бароварда созанд.

Натиҷаи ин пажӯҳиш нишон додааст, ки мусалмонон дар соли 2012 барои хариди либос ҳудуди  224 млрд. доллар харҷ кардаанд, ки 10,6 фисади хароҷоти хариди либосро дар дунё дарбар мегирад.

Инчнун, эҳтимол дорад, то соли 2018 хароҷоти мусалмонон барои хариди либос солона ба 322 млрд доллар баробар шавад, 11,2% хароҷоти умумии мардуми дунёро барои хариди либос дарбар бигирад.  

 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?