Акс: Намоиши муди либосҳои исломӣ дар Маскав

Дар шаҳри Маскави Русия намоишгоҳи либосҳои мусалмонӣ баргузор шуд, ки дар он намояндагони чандин кишвари дунё ширкат кардаанд.

Ин намоишгоҳ ҳафтаи гузашта дар ҳошияи намоишгоҳи маҳсулоти “Ҳалол” баргузор шудааст. Дар ин намоишгоҳ намояндагони кишварҳои зиёде, аз ҷумла кишварҳои ҳошия Халиҷи форс ширкат карданд.

Маскав қасд дорад, ки бо баргузории чунин намоишгоҳҳо  сафи сармоягузорони кишварҳои исломиро ба ин кишвар афзоиш дода, роҳе барои баромадан аз буҳрони иқтисодӣ шавад. Тибқи оморҳои расмӣ теъдоди мусалмонон дар Русия ҳудуди 7% аҳолиро дар бар мегирад, ки 20.5 миллион нафарро ташкил медиҳанд.

Copyright @2015 TojNews

 

Назарҳо

Малом мекунем пеша аз ҳама ба мардуми руи ҷаҳон чт мусулмон ва чи пайравони адёни дигар. Ин корро бояд солҳо пеш мекарданд, ки имрӯза бо ташаббуси ҷано Путин анҷом гирифт. Албатта ин як раванди худ барои муносиботи байни мусулмонҳо ва пайравони адёни дигар махсусан масеҳиёни Россия мебошад ва нисбати байни онҳоро бо огоҳй аз расму русумот ва фарҳанги ҳамдигар наздик месозад ва тӯҳматҳои норави имррӯза ба мусулмононро аз байн мебарад. Офарин ба ҷаноби Путин марди сиёсатмадори қарни 21.
офарин офарин аз точикистон дида хуб

Шояд шумо суол ё назаре доред?