Акс: Ронандагии Президент Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи Айнӣ-Панҷакент баъди бозсозӣ

Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент баъди навсозӣ ширкат карда, нахустин шуда аз ин роҳ бо мошин гузашт.

Дафтари матбуоти Президент хабар додааст, ки 18-уми октябр маросими ифтитоҳи роҳ дар сероҳагии Айнӣ - Панҷакент – Хуҷанд баргузор гардид. Дар аксҳое, ки дафтари матбуоти Президент нашр кардааст, дида мешавад, Эмомалӣ Раҳмон пешопеши корвони мошинҳои ҳамроҳҳонаш ронандагӣ дорад.

Дарозии умумии роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакент 112,6 километрро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ моҳи октябри соли 2012 оғоз гардида, моҳи октябри соли 2015 ба охир расид.

Навсозии роҳ бо маблағи 115 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ иҷро карда шудааст. Дар ин роҳ 31 адад пулҳои хурду бузург ва иншооти зиёди ёрирасон сохта шудаанд.

Корҳои асосии сохтмонӣ ва таъмиру навсозиро ширкати чинии Сансиян Бейсин бо ҷалби мутахассисону роҳсозони маҳаллӣ, ки беш аз 80% шумораи умумии коргаронро ташкил медиҳанд, иҷро кардааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла аз як пуле, ки дарозиаш 129 метрро ташкил медиҳад ва дар доираи лоиҳаи сохтмони роҳи Айнӣ-Панҷакент сохта шудааст, боздид ба амал овард.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳсозони тоҷику чинӣ барои иҷрои хуби корҳои сохтмонӣ ба онҳо изҳори сипос карда, дар бораи ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат дар самти бунёди роҳҳои таъиноти минтақавию байналмилалӣ, аҳамияти роҳҳо барои пешрафти соҳаҳо ва рушди иқтисодиёт андешаронӣ кард.

Copyright @2015 TojNews    

Назарҳо

Сипоси беандоза ба Президенти Точикистон, Эмомали Шарипович Рахмон барои ин рохи зебою барохат. Агар ташаббус мекарданд, рохи гузаргохи Панчекату Самаркандро мекушоданд. хизмати шоистае буд барои мардуми Панчекат.
Ташаккури зиёд Janobi Oli
Ahsan!!! JANOBI OLI , Baroi hizmathoi shoista ba halgu millat.

Шояд шумо суол ё назаре доред?