АКС: Тараддуди ҷанозаи Ислом Каримов дар Самарқанд

Ҷанозаи Ислом Каримов, Президенти Ӯзбакистон, тибқи иттилои ғайрирасмӣ, дар назар аст 3-юми сентябр дар шаҳри Самарқанд, зодгоҳи марҳум баргузор гардад. 

Дар ин бора Хабаргузории Фергана.News, ки аввалин шуда хабари марги Каримовро 29-уми август нашр кард, иттилоъ дод.

Ҳамчунин Рейтер дар такя ба манобеи расмияш дар бораи оғози ҳашар ва рӯбучини маҳаллаҳову масҷид ва қабристон дар Самарқанд иттилоъ дода, мегӯяд, ҳарчанд чунин ҳашарҳо дар Ӯзбакистон дар арафаи ҷашнҳо роиҷ аст, аммо ин даъфа шаҳр ба ҷанозаи роҳбари давлат омодагӣ мебинад. 

"Озодлик" бахши ӯзбакии радиои "Озодӣ" хабар дод, ки Шавкат Мирзиёев, сарвазири ин кишвар низ ба Самарқанд рафтааст. 

Бегоҳӣ, 1-юми сентябр, пас аз маросими таҷлил аз 25-солаги истиқлолияти давлатӣ дар Тошканд, ки бе иштироки Каримов ва суру тараб гузашт, хизматчиёни давлатӣ барои ҳашари рӯбучин ба Самарқанд сафарбар карда шудаанд. 

Шаҳрдории Тошканд чандин барномаҳои консертиии ҷашниро, ки тибқи нақша мебоист бо ширкати меҳмонони хориҷӣ сурат мегирифт, лавғ кард. 

Роҳандози гуруҳи фейсбукии "Здоровья Каримову" - "Шифо ба Каримов", ки то охирин лаҳзаҳо хабари марги Президенти Ӯзбакистонро рад мекард, ахиран чанд лаҳза пеш хабар дод, ки дастгоҳи нафаси сунъӣ бекор шуд ва қалби Ислом Абдуғаниевич аз тапиш монд. 

Ҳамчунин дар ин гуруҳ чанд акс аз омодагӣ ба ҷанозаи Каримов дар Самарқанд нашр шуданд. 

То ҳол расман хабари марги Ислом Каримов тасдиқ нашудааст. Танҳо табрикот ва таманниёти сиҳатӣ ба Каримов аз барқияҳое, ки дар робита ба Ҷашни 25-солагии истиқлолияти давлатии Ӯзбакистон, аз Тоҷикистону Қирғизистон ва туркманистон расидаанд, зоҳиран танҳо ба хотири рад кардани сарусадо дар рӯзҳои ҷашнӣ нашр шуданд. 

Ислом Каримови 78-сола рӯзи шанбеи гузашта - 26-уми август, бино ба иттилои духтараш Лола Каримова (Тиллоева) ба хунрезии мағзӣ гирифтор шуда, фалаҷ ва бистарӣ шуда буд. Хабари марги ӯ 29-уми август расонаӣ шуд. 

Аксҳо аз сомонаи Фергана.News. Бино ба иддаои ин расона, аксҳо шоми рӯзи 1-уми сентябр дар Самарқанд гирифта шудаанд. 

Ду акси дигар аз "Озодлик", ки мегӯяд, рӯбучин шабона ҳам идома кард. 

Назарҳо

Чиба дар Самарканд мегуронанд. Охи у точикора чашми дидан надошт ку. Бигзор уро бурда дар Изроил гур кунанд.
Нафахмидам ин кас мегуянд холаташ вазнин аст гурухе дар тараддуди чанозааш хастанд. Зинда аст ё мурда????

Шояд шумо суол ё назаре доред?