АКС: Варзишкорзанони рус дар Эрон бо ҳиҷоб ба майдон омаданд

Варзишкорзанони рус, ки дар Эрон бо бонувони эронӣ дар доираи як мусобиқа оид ба мини-футбол бо ҳиҷоб мусобиқа кардаанд.

Яккачини бонувони Русия оид ба минӣ-футбол дар Эрон бо тими миллии бонувони ин кишвар бозии рафиқона баргузор кард.

Ин бозӣ дар шаҳри Теҳрон баргузор шуд ва бино ба гузориши Газета.ру бозии аввал мусовӣ, 3:3 анҷом шудааст. Аммо дар бозии дуюм тими Русия хубтар баромад кардааст ва ба дарвозаи соҳибони майдон 5 тӯп задааст.

Бонувони эронӣ ба се тӯпи он ҷавоб гардонидаанд ва бозӣ ба ҳисоби 5:3 ба фоидаи бонувони рус анҷом шудааст. Ҷолиб он аст, ки дар ин бозӣ на танҳо бонувони эронӣ, балки русҳо низ бо ҳиҷоб, пӯшиши исломӣ ҳунарнамоӣ кардаанд.
 

 

Назарҳо

Аку дар Россия иёяну к... лич кунанд и эронихо. Хуввияти миллиро риоя кунанд. Чи гуфтед?

Шояд шумо суол ё назаре доред?