Амниятиҳо имкон аст ҳаққи бе иҷозат ворид шудан ба манзили зисти сокинонро соҳиб шаванд

Ба Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонуне пешниҳод шудааст, ки дар сурати қабул шуданаш кормандони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ҳуқуқ пайдо хоҳанд кард бидуни иҷозаи соҳибони хонаҳо ва қарори додгоҳ ба хонаҳои онҳо зада дароянд.

Ин лоиҳа тағйиротҳо ба Қонун “Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ” ном дорад.

Дар лоиҳа гуфта мешавад, ки хадамоти амниятии кишвар дар ҳолатҳои вежа, аз ҷумла дар ҳоли ба вуҷуд омадани таҳдидҳои амалҳои террористӣ ба хотири дифоъ аз ҳаёти одамон метавонанд ба манзили сокинон бидуни иҷозаи онҳо ва ҳатто қарори суд ворид шаванд.

Ҳамзамон бо ин муаллифони тағйиру иловаҳо ба қонуни ёдшуда як силсила низому қоидаҳои нави истифода аз қувва, силоҳ, техника аз ҷониби кормандони амнияти миллӣ дохил кардаанд.

Аммо гуфта мешавад, ки танҳо дар ҳоли таҳдидҳои амниятиву террористӣ ба хотири иҳифзи амнияти кишвар ва шаҳрвандон ба ин кор даст зада хоҳад шуд. 

Шояд шумо суол ё назаре доред?