Анонс: Дар Душанбе нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди сайёҳӣ баррасӣ мешавад

11-уми октябр дар шаҳри Душанбе конфронси илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи “Пешвои миллат – Асосгузори рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифгари Тоҷикистони муосир дар арсаи байналмилалӣ” баргузор мешавад.

Дар кори Конфронс роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Маҷлиси намояндагон, Вазорати фарҳанг, Академияти илмҳо, Маркази тадқикоти стратегӣ, Осорхонаи миллӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони ВАО иштирок хоҳанд кард.

Макон: Осорхонаи миллии Тоҷикистон.

Оғоз: соати 9:00.

Вуруд озод аст.

Шояд шумо суол ё назаре доред?