Анонс: Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе бунёдгароӣ ва экстремизмро баррасӣ мекунад

Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон рӯзҳои 11-12-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе семинар оид ба ҳуқуқи инсон барои ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳти унвони “Роҳҳои ҳалли масъалаҳои бунёдгароӣ ва экстремизми хушунатбор – дидгоҳи Осиёи Марказӣ”-ро баргузор мекунад.

Қарор аст дар ин семинар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳукумат, воситаҳои ахбор ва доираҳои илмӣ аз Тоҷикистон, таҳлилгарон аз Иттиҳодияи Аврупо ва осиёи Марказӣ гирди ҳам оянд ва сабабҳои бунёдгаро шудани ҷомеа ва экстремизми хушунатборро таҳлил кунанд.

Замони баргузорӣ: рӯзҳои 12-13-уми октябр.

Макони баргузорӣ: шаҳри Душанбе, меҳмонхонаи “Шератон”.

Шояд шумо суол ё назаре доред?