Анонс: Консерти хайрия барои кӯмак ба Маркази атфоли гирифтори аутизм

29-уми сентябр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон барои дастгирии Маркази кӯмак ба атфоли гирифтори аутизм (дархудмондагӣ) консерти хайриявӣ баргузор мешавад.

Консерт аз ҷониби СҶ “Ирода” бо дастгирии  СҶ “Аллегрия” ва Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба муносибати 5-солагии ин Марказ баргузор карда мешавад. Ҳадаф аз баргузори консерт ҷамъоварии маблағ барои харидории микроавтобус мебошад. Ин микроавтобус барои интиқоли кӯдакони гирифтори бемории аутизм ба Марказ ва мактабҳои №54 ва №72 истифода хоҳад шуд.

Консерт шоми 29-ум соати 17:00 баргузор мешавад, ки дар он ширкати ҳофизон Нуралӣ Набизод, Раҳматулло Ҳошимов, Фирдавс Ҳошимов, Файзигул Юсупова, Афзалшо Шодиев, Ҳаётой Муминова, Нигина Амонқулова ва гурӯҳи рақсии “Чаман” дар назар аст.

Билетҳоро аз кассаи Филармонияияи давлатӣ, инчунин аз суроғаи кӯчаи Мушфиқӣ 109 (мактаби №72) ё бо телефони (+992) 98 736 00 81, 98 736 00 70, 98 736 00 72 дархост кардан мумкин. Нархи як билет 30 сомонӣ.

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

Нигина Амонкулова намешвада дар консерт, ислох дихед хабарро.

Шояд шумо суол ё назаре доред?