Анонс: Рӯнамоии китоби Солеҳҷон Ҷӯраев

30-юми сентябр дар шаҳри Душанбе муаррифии китоби адвокати маъруф Солеҳҷон Ҷӯраев баргузор мешавад.

Дар маросими мазкур қисми якуми китоби “Ман муфаттиш” (Я следователь) ва қисми дуввум “Ман муфаттиш-тафтишоти нав” (Я следователь-Новое расследование)  муаррифӣ карда мешаванд.

Макон: Меҳмонхонаи “Тоҷикистон”.

Оғоз: соати 10:00.

Китоби “Ман муфаттиш”-и Солеҳҷон Ҷӯраев моҳи июли соли равон аз ҷониби нашриёти “Молодая гвардия”-и Маскав бо теъдоди 3 ҳазор нусха чоп шуда буд.

Ҳамчуноне дар оғоз муаллиф менависад, “китоб аз хотираи рӯйдодҳои 40-50 соли гузашта навишта шудааст ва он чи хонда мешавад, аз сари муаллиф гузаштааст. Яъне, китоб тахайюлӣ набуда, бар пояи парвандаҳое навишта шудааст, ки дар тафтиши онҳо худи муаллиф ширкат кардааст.

Солеҳҷон Ҷӯраев менависад, ки вай дар шаҳри Самарқанд ба дунё омад ва як тифлии пур аз мушкилотро дар ин шаҳр пушти сар гузошт. Танҳо дар фикри он буд, ки ҳарчи зудтар аз ин  зодбум худро раҳо кунад ва ҷойе равад, ки озоду мустақил бошад.  Ва омад ба Тоҷикистон ва тамоми орзуҳояш дар ҳамин кишвар ҷомаи амал пӯшиданд. Ба Донишгоҳ дохил шуд, факултаи ҳуқуқро хатм кард. Муфаттиш дар ноҳия буд, баъдан муфаттиш ва муфаттиши  супоришоти вежа, ҷонишини сардори Раёсати тафтишотӣ, сардори Раёсат, ҷонишини Прокурори генералӣ ва дар рӯзҳои мудҳиши ҷанги шаҳрванди Прокурори генералии Тоҷикистон буд.

Ҳамаи комёбиҳои касбии худро дар Тоҷикистон ба даст овардам ва дар ягон ҷойи дигар он гуна муваффақ набудам, ки дар Тоҷикистон будам”,- менависад ӯ.

 

Назарҳо

китоби ту ба ки даркор муфатишо зор кардан .ки бо ту китоби муфатиш барори хозир дар сари як одам 10 муфатиш мерасад ,хамсояхота намедони ки бузай, агентай ,ин китоби ту хеч лозимам намешава балки муфатишои хозира аз кобинетшон намебароян одама худшон омада чураву хешу таборошона фурухтестиян

Шояд шумо суол ё назаре доред?