Анонс: Семинари устодони Донишгоҳи Айоваи ИМА дар Душанбе

4-уми ноябри соли равон соати 10:00 дар толори маҷлисгоҳи Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳо Тоҷикистон бо ширкати устодони Донишгоҳи Айоваи ИМА семинари илмӣ баргузор мешавад.

Мавзӯъ: “Истифода аз равишҳои муосири илмӣ дар таҳқиқи адабиёти форсӣ (дар мисоли рӯзгор ва осори Ҳасани Деҳлавӣ)”.

Донишҷӯён, магистрон, аспирантон ва устодони риштаи адабиёти донишгоҳҳо, донишкадаҳо, омӯзишгоҳҳо ва колеҷҳо метавонанд дар ин семинар иштирок кунанд.

Оғоз: соати 10:00.

Шояд шумо суол ё назаре доред?