Анвар Юнусов аз идомаи сабқат дар Олимпиада маҳрум шуд

Муштзани тоҷик Анвар Юнусов дар даври дувуми интихобии мусобиқоти бокс дар вазни то 60 килограмм аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия аз варзишгари бразилӣ Робсон Консейкао шикаст хӯрд.

Дар ин бора Нарзуллоҳи Латиф, сухангӯи Кумитаи миллии олимпӣ аз шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия хабар дод.

Қувваозмоии Анвар Юнусов бо Робсон Консейкао рӯзи 9-уми август соати 11:45 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:45 ба вақти Душанбе) барпо гардид.

Робсон барандаи медали нуқра (соли 2013, Алматии Қазоқистон) ва медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон (2015, Доҳаи Қатар) мебошад. 

Анвар Юнусови 29-сола, ки Тоҷикистонро барои бори севум дар Бозиҳои олимпӣ намояндагӣ мекунад, барои аввалин бор бо Робсон рӯбарӯ шуд. Баъди анҷоми раунди аввал, ки бо пирӯзии Консейкао бо ҳисоби 30:27 ба анҷом расид, Анвар ба мураббиаш Аббос Неъматуллоев гуфт, дасти росташ, ки пештар ҷарроҳӣ шудааст, сахт дард мекунад ва аз идомаи сабқат даст мекашад.

Ҳамин тариқ, муштзани бразилӣ бо нокаути техникӣ ё фаннӣ ғолиб дониста шуд ва ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Вале муштзани тоҷик аз гирифтани медали олимпӣ ноумед гашт. 

Ёдовар мешавем, Анвар Юнсов дар нахустин даври интихобии мусобиқот рӯзи 6 август бар варзишгари Чин Ҷун Шан бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуда буд.

Зимнан, Анвар Юнусов дар байни варзишгарони тоҷик, ки дар Олимпиадаи Рио ширкат мекунанд, аввалин шуда ба мусобиқа шуруъ намуд ва ноком гашт.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?