Артиши Ироқ барои маркази Мосул меҷангад

Воҳидҳои махсуси артиши Ироқ шаш музофоти шарқи Мосулро аз ҷангиёни гуруҳи ба ном "Давлати исломӣ " озод карда, ҳамларо ба манотиқи ишғолӣ  идома медиҳанд. 

Бино ба иттилои намояндаи расмии Артиши давлати Ироқ, новобаста ба задхурдҳои шадид бо "муҷоҳидон", артиши давлат ба суръат ба ҳадаф мерасад, чун хатти дифоъи "Давлати исломӣ " заъифтар аз он будааст, ки пешбинӣ мешуд. 

Неруҳои давлатӣ ба маркази Мосул пештар аз муҳлати банақшагирифтаашон наздик мешаванд. 

"Задурхӯрд аз ду ҷониб идома дорад ва ҷангиёни "Давлати исломӣ " асосан аз нишонзанҳо, мошинҳои муҷаҳҳаз ба маводи тарканда ва мушакпаронӣ  истифода мекунад. Худо хоҳад, мо новобаста ба ин зарбаҳои шадид, бар ҷангиён ғолиб хоҳем шуд ва дар наздиктарин фурсат боз як музофотро раҳо хоҳем кард", - гуфт ин намояндаи расмии Артиши Ироқ. 

Иттиҳоди байнулмилалӣ, бо сарварии ИМА рӯзҳои охир зарбаҳои ҳавоиро дар манотиқи камингирифтаи муҷоҳидон пурзӯр кард. Мутаассифона, дар натиҷаи ин амалиёт, ҳамчунин сокинони осоиштаи манотиқи аҳолинишин қурбон мешаванд. 

Бино ба иттилои коршиносони амрикоӣ, дар ин манотиқ дар ҳоли ҳозир аз 3 то 5 ҳазор нафар ҷангиён камин гирифта ва меҷанганд. Ба гуфтаи масъулини Созмони милали муттаҳид, онҳо дар Мосул садҳо нафарро қатл кардаанд. Аз он ҷумла, даҳҳо тан аз ҷангиёни худи "Давлати исломӣ ", ки дар шароити мушкил даст аз силоҳ бардоштанд, аз ҷонби ин гуруҳ қатл шудаанд. 

СММ мегӯяд, вақтҳои ахир ба қатори ҷангиёни ин гуруҳ писарони 9-10-сола шомил карда шуданд ва ҳамчунин ҳазорон нафар дар ин минтақа базӯрӣ  нигоҳ дошта мешаванд. ҷангиён онҳоро барои пешгирӣ  аз зарбаҳои ҳавоӣ, ҳамчун сипар истифода мекунанд.

Ба ҳисоби Созмони байнулмилалии муҳоҷират, аз 17-уми октябри соли ҷорӣ, пас аз шуруъ шудани амалиёти раҳо кардани Мосул аз ҷангиён, беш аз 20 ҳазор ироқӣ  маҷбур шуданд макони истиқоматашонро тарк кунанд. 

Шояд шумо суол ё назаре доред?