Аз 1-уми октябр нархи оби нӯшокӣ дар пойтахт 20% боло хоҳад рафт

Аз 1-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе нархи истифодаи оби нушокӣ барои аҳолӣ ва корхонаҳои ғайрибуҷавӣ 20 дарсад боло бурда мешавад.  

Бино ба иттилои Корхонаи “Обу корези Душанбе”, ҳоло сокинони пойтахт барои 1 метри мукааб оби нӯшокӣ 52 дирам пардохт мекунанд. Бо изофаи 20% ба ин нарх 9 дирами дигар зам хоҳад шуд.

Корхонаҳои ғайрибуҷавӣ ба ҷойи 4 сомониву 48 дирам барои 1 метри мукааби оби нӯшокӣ, аз якуми октябр барои ин миқдор об 5 сомониву 38 дирамӣ пардохт мекунанд. Ҳамчунин болоравии нархи оби нӯшокӣ барои корхонаҳои буҷавӣ аз якуми январи соли 2017 дар нақша гирифта шудааст.  
 

Назарҳо

Az mardum majburan mesitonand va ba nomi khud guzaronda khayr mekunand inast namudi kor magar chunin namud siyosat durust ast!!! ?? Dar har 3-6 moh yak bor qimat mekunand bajoi bepul kardan yo arzon namudan!!!
Агар хисобкунак набошад, ба сари хар як аъзои оила чанд дирам (ё сомони) хисоб мекарда бошанд? Хуб мешуд муфассал навишта шавад то мардум аз хукуки худ бархурдор бошанд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?