Аз 207 кишвар ҷаҳон варзишгарони 87 давлат соҳиби медали олимпӣ шуданд

Олимпиадаи Рио-де-Жанейро, ки дар ин мусобиқаи пуршукуҳ зиёда аз 10 ҳазор варзишгар аз 207 давлати ҷаҳон иштирок карданд, ба анҷом расид.

Аз миёни варзишгарони 207 давлат намояндагони 87 мамлакат соҳиби медал шуданд.

Аз инҳо варзишгарони 59 давлат ба мақоми қаҳрамонӣ расиданд. Аз рӯи ҳисоби медалҳо ИМА бо 121 медал дар мақоми аввал, Британияи Кабир бо 67 медал дар мақоми дуввум, Чин бо 70 медал дар мақоми сеюм ва Русия 56 медал дар мақоми чорум қарор доранд.

Ба даҳгонаи аввал инчунин кишварҳои Олмон (42), Ҷопон (41), Фаронса (42), Кореяи Ҷанубӣ (21), Италия (28) ва Австралия (29) ворид шудаанд. Тоҷикистон дар ин рӯйхат дар мақоми 54-ум қарор дорад.

Аз 7 варзишгари тоҷик танҳо як нафар Дилшод Назаров соҳиби мақоми аввал ва медали тилло гардид.

То санаи 19-уми август номи Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳои бе медал қарор дошт ва бо шарафи гирифтани медали тилло аз ҷониби Дилшод Назаров номи Тоҷикистон ба мақоми 54-ум расид.

Шояд шумо суол ё назаре доред?